Самарқанд мизбони як нишасти бонуфуз


Дар шаҳри Самарқанд конфронси байналмиллалии Конвенсияи 14-уми муҳоҷирати ҳайвонҳои ваҳшии СММ ифтитоҳ ёфт. Дар он аз 130 кишвари олам бештар аз якуним ҳазор вакилон ташриф оварданд.
Конфронсро нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, муроҷиатномаи раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни он ироа кард.
Дар ин конфронс як ҳайати таҳти раёсати раиси Кумитаи экология ва муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок доранд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои конфронси байналмилалӣ беҳбуди муҳити зист ва муҳоҷирати ҳайвонҳои ваҳширо таъмин мекунад.
Ин конфронс Ки 13 феврал ба кори худ шуруъ гамуд, то 17 феврал давом мекунад.
Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Самарқанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *