Самарқандиҳо аз ҳама бештар дугоник мезоянд
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, аз аввали соли 2021 дар ин кишвар беш аз 13,7 ҳазор дугоник таваллуд шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин идора.
Аз рӯи шумораи таваллуди дугоникҳо, вилояти Самарқанд пешсаф аст ва дар ин минтақа 1740 тифл таваллуд шудааст. Баъдан вилояти Андиҷон дар садри феҳраст қарор гирифтааст, ки дар он ҷо 1428 дугоник ба дунё омадааст.
Дар ҷои сеюм вилояти Қашқадарё ҷойгир шудааст. Дар он ҷо намуди зоҳирии 1402 тифл ба ҳам монанд аст.
Илова бар ин дар панҷ вилояти дигари Ӯзбекистон теъдоди дугоникҳо аз ҳазор нафар гузаштааст: дар Фарғона, Намангон, Тошканд, Сурхондарё ва шаҳри Тошканд. Дар ин манотиқ расо якҳазорӣ дугоник таваллуд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ