Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёт (аксҳо)
«Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» — таҳти чунин ном имрӯз бо ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ясмин Гуедар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз Русияву Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Ҳадаф аз баргузории конфронс муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёрсамта байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад»,- иброз дошт Ашурбой Солеҳзода дар оғози конфронс.
Ин конфронс бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ доир карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ