Самиевро дастгир карданд

Наимҷон Самеев, раиси собиқи ҳизби  дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, шаби 30 ноябр ба 1 декабр дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия дастгир шуда, ба шаҳри Ставропол оварда шудааст.

Наимҷон Самеев ҳоло дар идораи пулиси кишвари Стравропол дар боздошт қарор дорад. Самеев, ки солҳои 2008-2012 раиси бахши вилоятии ҲНИТ ва солҳои 2012-2014 раиси бахши исфарагии ин ҳизб буд, 4 соли охир дар Русия ба сар мебурд ва ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои фаъолиятҳои қаблии ҳизбиаш ҷустуҷӯ мешуд. Наимҷон Самеев ҳоло дар идораи пулиси кишвари Ставропол дар боздошт қарор дорад.Наздиконаш аз сабабҳои боздошти Самеев изҳори бехабарӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки ӯ аз замони манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор дошт. Яке аз наздикони Самеев  гуфтааст: «Наимҷон Самеев 4 сол боз дар Русия ба сар мебурд. Бори охир моҳи марти соли 2015 ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар як қитъаи овоздиҳӣ дар шаҳри Екатеринбург иштирок кард, вале он замон фаъолияти ҲНИТ ҳанӯз қатъ нашуда буд. Баъди он дигар ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва ҳатто кори дурустҳисобие ҳам намекард, чунки таҳти таъқибу ҷустуҷӯ қарор дошт. Аҳли хонаводаи ӯ тақрибан ҳама ин чанд соли охир дар Русия буданд, вале намояндагони мақомот ба хонаи падарии Самеев дар Чоркӯҳ зиёд меомаданд ва куҷо будани ӯро суроғ мекарданд.”  Ба бовари яке аз наздикони Наимҷон Самеев, ӯро дар Чеченистон ба эҳтимоли ғолиб бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд: «Мисли даҳҳо тани дигар аз фаъолони собиқи ҲНИТ Наимҷон Самеев низ дар Тоҷикистон парванда дошт ва яқинан таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳам қарор дошт. Ҳангоми тафтиши санадҳо дар як посгоҳ кормандони пулиси Чеченистон дидаанд, ки ӯ дар рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯст ва ба ҳамин далел, вайро боздошт карданд.” Наимҷон Самеев 24 майи соли 1962 дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара ба дунё омада, соли 1988 техникуми шаҳри Исфараро хатм кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шудааст.Ӯ солҳои 2008-2012 раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд ва солҳои 2012-2014 раиси бахши исфарагии ин ҳизби мухолиф буд. Соли 2014 ба Русия ҳиҷрат карда, дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар қитъаи овоздиҳӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳайси нозир иштирок кардааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар манъ кард. Мақомот ҲНИТ-ро ба роҳбарӣ ва роҳнамоии ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор карданд. Роҳбарони ҲНИТ ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае дар дасти мақомот барои бастани ин ташаккули умдаи мухолифи ҳукумат шуд.Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо нафар аз роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда, садҳо тан аз аъзо ва тарафдоронаш тарки Тоҷикистон карданд. Ҳоло ин ҳизб асосан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо амал мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар се соли охир тақрибан 10 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳанда шудаанд. Як бахши аъзами онҳоро тарафдорони ҲНИТ ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, садҳо нафари дигар аз фаъолони ин ҳизб дар Русия ва кишварҳои дигари СНГ ба сар мебаранд. ҲНИТ мегӯяд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ ягон фаъолияти сиёсӣ пеш намебарад, то барои тарафдорони собиқаш мушкил эҷод нашавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *