Саммити СПАД дар Қирғизистон
Президентҳои кишварҳои узви СПАД — Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 28 ноябр дар Қирғизистон гирди ҳам меоянд. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд.
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо вазири корҳои хориҷиаш Чингиз Айдарбеков омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои СПАД-ро баррасӣ кард.
Қарор аст, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 27 ноябр ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Рӯзи 28 ноябр ҷаласаи Шӯрои СПАД баргузор ва дар он роҳбарони Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва сарвазири Арманистон ширкат хоҳанд кард.
СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи «тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ