Санҷиш дар “Корвон”: Сарчашмаи силоҳи сард ошкор шуд

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд», аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар сарчашма, яъне паҳнкунандаи предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш дар бозори «Корвон», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст, ки соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23.07.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ба фурӯши предметҳои халандаю буранда машғул мебошад. Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шудаанд.

— Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Чилаев Зафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *