Санҷиши шикояти шаҳрванди Афғонистон аз ҷониби мақомоти милитсияи Душанбе

Муроҷиати видеоии ҷавондухтаре, ки шоми 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифт.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа муайян гардид, ки ин ҷавондухтар Меҳробиддини Тамкин, шаҳрванди 24-солаи Афғонистон буда, ҳамроҳи волидайнаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Номбурда беш аз як сол мешавад, ки бо Ҳамидӣ Абдулбасир, соли таваллудаш 22.03.1976, зодаи шаҳри Толиқони вилояти Тахор, муваққатан сокини ноҳия Рӯдакӣ, тариқи никоҳи шаръӣ оила барпо намуда, зиндагии якҷоя доранд.

Дар ин муддат дар байни онҳо нофаҳмиҳои оилавӣ ба вуҷуд омада, шавҳараш ҷавондухтари муроҷиаткунандаро мунтазам зери фишори равонӣ қарор медодааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби милитсияи пойтахт маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *