Санҷарбеки 14-соларо Камаз кушт
Дирӯз дар деҳаи Кафшдӯзони ноҳияи Ҳисор автомашинаи КАМАЗ, ки онро Ҷалол ном марди 39 сола идора мекард, писарбачаи 14 соларо пахш карда куштааст. Бобои Саид-ҳамсояи ҳалокшуда дар бораи ин ҳодиса чунин гуфт: “Субҳи рузи 27-ум Санҷар ба мактаб рафтаистода буд, мо ҳамон соат ҳамроҳи ҳамсарам барои харидани камбудиҳои рузгор ба бозори ноҳия раҳсипор будем, аз пешамон Санҷар баромад ва бобоҷон гӯён салом дода, ба наздам омад ва ӯро бӯса намуда, дуо додам, ки мактабро аъло хонад. Санҷар хандида аз пешам гузашта рафту дақиқае пас садои ҷонкоҳи Латофат, модари Санҷар ба гӯшам расид, ки доду фиғон бардошта Санҷарам мегуфту медавид. Э духтар ба ту чи шуд, э исто, чокард гуфта хостам пеши роҳашро гирам вале чашмони хунгирифтаи Латофат дарак аз он медод, ки чи балое ба сараш омадааст. Мо ҳамагӣ аз паси Латофат ба роҳи калон давидем. Камази калони афғонбачаҳо, ки барои харидани ангур ба ин деҳа омада буданд ба чашмамон расид, ки дар гирдаш талабаҳои мактаб гирд омада, фиғон мебардоштанд. Ҳамаро дур намуда, ба даруни одамон ворид гашта, чашмам ба ҷисми маҷақшудаи Санҷари ноком афтид, ки дар хоку хун олуда ҷон бохтааст. Гиристам, кӯдаконро аз назди ҷасад дур кунед гуфта, аз мардум хоҳиш кардам. Бо ҳамдастии мардуми деҳа ҷасади пурхуни Санҷарро ба хонаашон овардем. Дар ин ҳолат алакай пичарбача ҷон бохта буд ва илоҷи ба духтур бурдан намонда буд. То нисфирӯзӣ дар хонаашон нигоҳ доштем ва баъди намози пешин ба хок супоридем…
Рустам Азими Душанбе-Ҳисор-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ