«Санҷиш» дар хонаи сарбоз: Нома ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо

“Соли гузашта писари мо Додхудоҷон ба синни 18-солагӣ расид. Ба мо, волидон ва аҳли оила изҳор намуд, ки ман акнун ихтиёран, бо сари баланду хотири ҷамъ ба хизмати Ватан, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ меравам. Ӯ афзуд, ки «Падарҷон, ман азму иродаи қатъӣ дорам, анъанаҳои ватанпарваронаю ватандӯстонаи шумо ва 5 нафар аъзои дигари оилаамонро, ки содиқонаву бошарафона дар сафи артиши кишварамон хизмат кардаед, давом диҳам».

“Соли гузашта писари мо Додхудоҷон ба синни 18-солагӣ расид. Ба мо, волидон ва аҳли оила изҳор намуд, ки ман акнун ихтиёран, бо сари баланду хотири ҷамъ ба хизмати Ватан,  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ меравам. Ӯ афзуд, ки «Падарҷон, ман азму иродаи қатъӣ дорам, анъанаҳои ватанпарваронаю ватандӯстонаи шумо ва 5 нафар аъзои дигари оилаамонро, ки содиқонаву бошарафона дар сафи артиши кишварамон хизмат кардаед, давом диҳам».

Мо аҳли оила аз ин ҷасорату мардонагӣ, далерӣ, ҳисси волои ватандӯстонаю ватанпарваронаи писарамон Додхудоҷон  шоду масрур гардидем. Бо як овоз ин нияту мароми неки ӯро дастгирӣ намуда, тирамоҳи соли гузашта ӯро ботантана барои бошарафонаю дилсофона адо кардани хизмати Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвари азизамон гусел кардем.

Гусел кардему як ҳафта андаке ташвиш кашидем. Ноором шудем, ки ҷигарбанди моро ба кадом гӯшаи кишварамон ба адои хизмати ҳарбӣ  бурда бошанд.  Ин ташвиши мо дер давом накард. Баъди як ҳафта бегоҳ телефонам занг зад: Гӯшии телефонро бардоштам.  «Ба шумо, волидони азиз, қумондони қисми ҳарбии рақами 14356 «Б» майор Раҳмон Қодирзода аз ноҳияи Ашт занг зада истодааст. Фарзанди шердили шумо Додхудоҷон соқу саломат барои адои хизмати Ватан-модар ба қисми ҳарбии мо омада расида, ба хизмат шурӯъ кард. Марҳамат,  бо ӯ дар тамос бошед».

Мо ба ин қумондони родмарду   меҳрубон миннатдорӣ изҳор карда, бо писарамон гап задем. Писарамон ба воситаи телефон ба мо сарулибоси зебову шинами нави ҳарбии бабаркардааш, ҷойи хобашро нишон дода, гуфт, ки «Падарҷон, модарҷон ташвиш накашед, зиқ нашавед. Ман хубам, ягон мушкилӣ, ноумедӣ, зиқӣ, камбудиву норасоӣ надорам». Мо ба писармон дуо додем, ки хизматаш ҳамин тавр хуб оғоз ёфта,  давом ёбад.

Ҳамин тавр, ташвишу зиқии мо хотима ёфт. Ба наздикӣ ба писарамон Додхудоҷон рухсатии 10 шабонарӯза доданд ва ӯ ба дидорбинии мо, волидону хешу табор, ҷӯраҳою ҳамдеҳагонамон омад. Ҳамдеҳагон, хешу таборон, ҷӯраҳои писарамон дар хонаи мо ҷамъ омаданд. Ҷӯраҳояш дар ин дидорбинӣ чунон спектакле ташкил карданд, ки мо, волидон, дар ҳайрат мондем: яке куртаи ӯро аз танаш бароварда, пурра баданашро аз назар мегузаронд, дигаре даҳонашро кушода, солиму пурра будани дандонҳояшро «ташхис» мекард. Дигаре чилликҳои дастону пояшро қапида мемолид, ки оё чилликҳояш солиманд, дардманд нестанд.

Ҷӯраҳои «эксперташ» дар бадани писари мо ягон яра, изи задагӣ, тағйироти физиологӣ надида, шоду хурсанд шуданд. Баъди ин кофтуковҳои ҷисмонӣ ҳамаи ҷамъомадагон чӣ хел ба ҷой овардани хизмати ҳарбиро аз писарамон пурсон шуданд. Саволҳо  бешумору беохир буданд. Мепурсиданд, ки оё аскарбачаҳоро латукӯб мекунанд? Азобашон медиҳанд? Оё ба аскарбачаҳо хӯроки серу пур медиҳанд? Оё сарулибос,  ҷойи хоби аскарбачаҳо тоза  аст? Хизмати тиббӣ, тозагӣ дар чӣ ҳолат ҳаст? Боз ҳамин гуна чандин саволҳои дигар дода шуданд. Писарамон ҷавоб дод,  чӣ хеле ки  мебинед, ман соқу саломат, хизмат карда истодам. Дар ҷойи хизмати мо ягон аскарбачаро латукӯб намекунанд, азобу шиканҷа намедиҳанд.

Дар ҳама ҷойи қисми ҳарбии мо, аз он ҷумла дар ҷойҳои хобамон, камераҳои назоратӣ васл карда шудаанд, ки ҳар як ҳаракати аскарбачаю  афсарро равшану возеҳ дар худ сабт менамоянд. Қумондонҳоямон шабурӯз бо ҳамроҳии мо дар қисми ҳарбианд ва ба ҳаракату кирдори ҳар як аскарбача шахсан бо чашмони худ назорат мекунанд. Ҳамаи аскарбачаҳо мисли фарзандони як падару модаранд. Дигар чунин мафҳумҳои забонзадаи маҳалагароӣ, ба монанди ту бадахшонӣ, ту қаротегинӣ, ту шимолӣ, ту ҳисорӣ, ту кӯлобӣ вуҷуд надоранд. Ҳамаи мо тоҷику тоҷикистонием.

Ба мо серӣ хӯрокҳои ҳархелаи серғизо ва тоза медиҳанд. Ҷойҳои хобамон тозаву озода аст. Ҳар ҳафта баҳузур дар қисми ҳарбиамон ҳаммом мекунем. Қисми ҳарбиамон дар як боғи калону сермева ҷойгир аст.  Озодона, бемонеа чӣ қадар меваи тару тоза, ки хоҳем, бо дастони худ чида истеъмол мекунем. Хулоса, ман аз хизмат,  муомилаву муносибати ҳамхизматону қумондонҳоям миннатдорам. Бо хости дили худ ихтиёран ба хизмати Ватан рафтаам, пушаймон нестам, баръакс шодам.

Ин суханони писараамонро ҷӯраҳояш бодиққат гӯш карда, тинҷу ором, осуда будани ҷараёни хизмати ӯро фаҳмида бисёр шод гардиданд.

Аз ин нақлҳои писари мо бисёр ҷӯраҳояш вазъи орому осуда, тинҷ будани ҷараёни хизмати аскариро фаҳмида, аҳд карданд, ки акнун онҳо ҳам бо дили пур барои ба хизмати Ватан-Модар рафтан омодагӣ мегиранд. Мо волидон, хешу таборон, аз ташкил ва таъмини чунин вазъияти хубу дилорои хизмат дар қисмҳои ҳарбии кишварамон ба  вазири муҳтарам, нисбат ба фарзандони ба хизмати Ватан-Модар рафтаи мо аз сидқ миннатдорем.

Инчунин, мо ташаккури бепоёни худро ба қумондони қисми ҳарбии рақами 14356 «Б» ноҳияи Ашт майор Раҳмон Қодирзода барои бомасъулиятона, содиқона, ғамхорона муносибат карданаш ба фарзандони аскарбачаи мо мерасонем. Орзумандем, ки чунин родмардон дар сафи артиши мо бисёр бошанд, то ин ки обрӯву нуфузи артиши мо рӯз ба рӯз боло равад, то ин ки ҷавонони мо бо сари баланду дили пур рафта, хизмати Ватан-Модари ҷоноҷонамонро адо карда ба назди волидонашон баргарданд.

Абдуҷалил Юсуфов,

сокини шаҳри Ваҳдат  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *