Санадҳое, ки Қирғизистон такя ба онҳо дорад, заминаи ҳуқуқӣ надоранд

Дар ин раванд нуқтаи назари собиқ узви комиссия оид ба ҳалли масоили марз миёниТоҷикистону Қирғизистон Ҷумъабой Сангиновро, ки ҳафтаи равон дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр шуд, мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

— Дар вақти муовини раиси вилояти Суғд будан, узви комиссия оид ба ҳалли масоили марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон будед. Он замон ҳамеша аз манофеи кишвар ҳарф мезадед. Имрӯз ин масъала доғтар шуда, як қатор мушкилотеро ба бор овардааст, ки миёни  Тоҷикистону Қирғизистон баҳс оид ба марз печидатар гаштааст. Нигоҳи шумо ба ин мавзуъ чӣ гуна аст?

— Баҳси марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ибтидои солҳои 2000 инҷониб идома дорад. Ҳамон замон гуруҳҳои корӣ байни ду кишвар таъсис ёфта буд. Бо гузашти беш аз 20 сол мо метавонем хулосабарорӣ кард, ки ин маъала ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Ба асли масъала нигарем, он чӣ гуна аст? Ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-марзии соли 1924, ки аз тарафи мақомоти расмии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шудааст, имрӯз вуҷуд доранд. Дигар ягон санади қонуние, ки хати марзиву маъмурии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муайян кунад, вуҷуд надорад. Ҷониби мо тӯли тамоми ду даҳсола боисрор таъкид мекунанд, ки бояд хати марзии  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи ҳуҷҷатҳои мавҷуда муайян карда шавад. Мутаассифона, тарафи Қирғизистон бо сабаҳои гуногун ин талаботро иҷро намекунад ва ба санадҳое такя кардан мехоҳад, ки заминаи ҳуқуқӣ надоранд.

Маълум аст, ки дар марҳилаи Иттифоқи Шӯравӣ ва баъди он Ҷумҳурии Қирғизистон давра ба давра ҳудудҳои муайяни расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои истифодаи дутарафа ба иҷора гирифта буд. Дар марҳилаҳои гуногун шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудудҳои ба иҷора гирифта, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар сохторҳо ва инфраструктураи таъиноти гуногун сохтаанд.

Дар интиҳои парокандашавии давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ тарафи Қирғизистон бидуни манфиати миллии мо яктарафа дар шӯрои олии худ санаде қабул кардааст, ки гӯё ҳудудҳои муайяни марзӣ ба тарафи Қирғизистон тааллуқ доранд, ки ин ғайриқонунӣ буда, зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

Мо дар раванди гуфтушунидҳо бо исрор талаб мекардем, ки адолати ҳуқуқӣ дар муайян кардани хати марзии маъмурии Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд барқарор карда шавад. Яъне, ҳудудҳое, ки дар харитаҳои қонунии солҳои 1924-1927 нишон дода шудаанд, бояд барқарор карда шаванд. Вале, мутаассифона, дар Қирғизистон инро дарк намекунанд ва масъала то охир ҳалли худро наёфтааст. Ҳарчанд аз 950 км хати марзӣ-маъмурии мо, ки боиси баҳс қарор гирифтааст, қариб нисфи он — 519 км имрӯз муайян карда шудааст. Вале хати сарҳадӣ бо қабул накардани баъзе пешниҳодҳо аз тарафи Қирғизистон ба охир нарасидааст.

ШАРҲИ ИДОРА:

Ин далолат ба он мекунад, ки ҳамсояҳои мо аз ибтидо роҳҳои хиёнаткориро матраҳ карда будаанду мо аз он огоҳӣ надоштаем. Воқеияти таърихиро наметавон бидуни ҳақиқат эътироф намуд. Ин рафтори ҳамсояҳои мо ба ҳамон як масали халқӣ шабоҳат дорад, ки гӯянд: ”Ба ҳамсоя даст додам, аз оринҷам гирифт”. Ва ҳамин “ориҷ гирифтан”-и ҳамсояҳои ноаҳл имрӯз боиси даргириҳо ва даҳҳо куштору ғорат дар марзи орому осудаи мо гардидааст.

Кунун, намедонем ҳамсояҳоро бо кадом обрӯву эътибори ҳамсоягарӣ эътироф карду онҳоро бахшид? Зеро хуни рехтаи даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб ба гардани ҳамсояҳои бемуруввати мо мебошад, ки басо нанговар аст. Ҳанӯз ҳам дер нашудаст, ки мо бо меҳр дасти ҳамдигарро бо камоли майл фишурда, он чӣ гузашт, ба он иктифо карда, масъалаи марзиямонро чӣ тавре таърих муайян кардааст, ҳамон тавр ҳал намоем. Вагарна, кӣ медонад, чӣ балое ба сари ин ду миллат хоҳад омад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *