Санаи баромади олимпичиёни тоҷик дар Рио-2016
Бар асоси тақвими Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз 6-ум то 19-уми август ширкат мекунанд:
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг
12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг
11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон
12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон
15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ.
Э. НАЗАРОВ
Муҳтарам хабарнигорон!
Агар шумо мехоҳед, ки дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ иттилои бештар бигиред, метавонед ба Ситоди ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия ба ин рақамҳо занг бизанед:
+5521975357260 (Муҳаммадшо Абдуллоев)
+5521973441627 (Нарзулло Латипов)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ