Санаи Иди Фитр аниқ шуд
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи таҷлили Иди мубораки Фитрро эълон кард. Бар пояи тасмими Шӯрои уламо, Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи 26-уми июн таҷлил мешавад. Дар ҷаласаи Шӯрои уламо, ки рӯзи 22-уми июн баргузор шуд, замони баргузории намози ид дар тамоми масҷидҳои кишвар, соати 6:00 муқаррар шудааст.
Рӯзи гузашта ҳам Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон эълон карда буд, ки Иди Рамазон дар кишвар рӯзи 26-уми июн фаро хоҳад расид. Баъзе аз кишварҳои дигари мусалмонӣ, аз ҷумла Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон, гуфтанд, ки рӯзи якшанбеи 25-уми июн Иди Фитрро таҷлил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ