Санаи иди Фитр маълум шуд. Имомхатибон вазифа гирифтанд
2 –юми май, соати 6 –и субҳ дар Тоҷикистон намози ид хонда мешавад ва иди Фитр низ дар ҳамин рӯз таҷлил мешавад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми апрел дар як нишаст қарор қабул кард.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки дар нишаст имомхатибон вазифадор шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин, пешгирии ҳар гуна исрофкорӣ дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб кунанд.
Ёдрас мешавем, ки имсол фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон дар Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ