Санаи ироаи Паёми Президент маълум шуд
Рӯзи 28-уми декабр Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ироа мегардад.
Президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ дар баробари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.
Дар ҷаласа бахшида ба ироаи Паёми Президент вакилон, раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳо, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон тамошо мекунанд. Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда пахш менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 то инҷониб раисиҷумҳур маъмулан охири моҳи декабр паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ