Санаи Паёми нави Президент маълум шуд

Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум 23-юми декабри соли равон даъват карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дода, афзудааст, ки қарори даъвати ҷаласаи якҷояро раиси палатаи болоӣ Рустами Эмомалӣ 7-уми декабр имзо намудааст.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки дар ҷаласаи мазкур ироаи Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Паёми Президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад. Соли гузашта паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон 21-уми декабр ироа шуда буд, ки дар он президент аз болоравии маош, сабукиҳо барои бархе аз бахшҳои иқтисод хабар дода, вазифаҳо барои соли ҷадидро гузошт. Дар баробари ин дар паёми гузашта Президент аз камбудиҳо дар бахши маорифу тандурустӣ интиқод намуд, ки бо сифати бади таълим ба худфиребкуниҳо роҳ дода мешаваду тандурустӣ дар сатҳест, ки имкондорҳо барои табобат ба хориҷа мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *