Санъаткор Заррух Рустамови самарқандӣ оламро падруд гуфт
Имшаб дар моҳи шарифи Рамазон, дар синни 37-солагӣ сарояндаи маъруфи самарқандӣ Заррух Рустамов олами фониро падруд гуфт. Дар ин бора муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт»-и вилояти Самарқанд хабар дода, онро тасдиқ кард.
Сабаби марги ин овозхони ҷавон то ҳанӯз маълум нест. Мо аминем, ки ба муштариёни азиз аз натиҷаи марги мармузи ин санъаткори ҷавони нотакрор дарак хоҳем дод.
Аз номи тамоми кормандони гуруҳи «Ориён», сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба аҳли оила ва наздикону пайвандони санъаткори ҷавон ҳамдардӣ баён карда, аз даргоҳи Худованд хоҳиши онро дошрем, ки ҷои ин санъаткори маҳбуби ҳамаро ҷанатулмаъво бигардонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ