Санду аз Додон пеш гузашт

«Амал ва ҳамбастагӣ» -ро 56,28 фоизи овоздиҳандагон дар дохили кишвар дастгирӣ карданд,

Сарвазири собиқи Молдова ва раҳбари ҳизби «Амал ва Ҳамбастагӣ» Майя Санду пас аз коркарди 100 фоизи протоколҳо аз участкаҳои интихоботии дохили кишвар дар даври дуввуми интихоботи президентӣ пешсаф аст.

 Рӯзи якшанбе дар Молдова даври дуввуми интихоботи президентӣ баргузор шуд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарвари давлатро барои чор соли оянда интихоб карданд. Рақиби Санду Игор Додон буд, ки то ин дам президенти Молдова буд. Дар овоздиҳӣ, тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, то соати 22:00 ба вақти Маскав 52,63 фоиз ширкат варзиданд. «Амал ва ҳамбастагӣ» -ро 56,28 фоизи овоздиҳандагон дар дохили кишвар дастгирӣ карданд, 43,72 фоизи шаҳрвандон ба тарафдории Додон овоз доданд. Дар маҷмӯъ, Комиссияи марказии интихобот 98,69 фоизи протоколҳоро коркард кард. Кори участкаҳои интихоботӣ дар ИМА ва Канада ҳоло ҳам идома дорад. Тибқи қонун, номзаде ғолиб хоҳад шуд, ки беш аз нисфи овозҳоро ба даст меорад. Дар даври дуввум ҳадди овоздиҳӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи муовини раиси комиссия Владимир Шарбан, даври дуюм бидуни қонуншиканиҳои ҷиддие гузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *