Санг рехт, ба манзили як сокини ноҳияи Роштқалъа зарар расид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз реши санг бар асари боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта дар баъзе манотиқи кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, соати 16:49 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 27-уми октябри соли равон дар қаламрави деҳаи Шоши ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳодиса манзили истиқоматии яке аз сокинон зарар дида, вале талафоти ҷонӣ несту касе захм набардоштааст.
— Айни замон аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ