Санги гурда. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои халосӣ

Тавре табибони уролог қайд менамоянд, беш аз 50 фоизи маризони ба онҳо муроҷиат, мекарда аз бемории санги гурда азият мекашанд. Санг дар ҷисми инсон аз куҷо пайдо мешавад? Оё санги гурдаро бе ҷарроҳӣ афтонидан мумкин аст?   Ба ин саволҳо посух ёфтан хоҳед, мутаваҷҷеҳ бошед.

Санг аз куҷо пайдо мешавад?

Халалёбии мубодилаи моддаҳо дар ҷисм ба  пайдо шудани намакҳои обнашаванда мусоидат менамояд ва рафта-рафта, ин намакҳо ба санг мубаддал мегарданд. Сабаби дигари бемории санги гурда шамолхӯрии гурда ва роҳҳои пешобгузар аст.

Ҳар қадаре инсон бештар арақ кунад, ҳамон қадар намак дар ҷисмаш зиёд мегардад. Норасоии нурҳои ултрабунафш метавонад боиси афзоиши ҷараёни  ба санг табдил ёфтани намакҳо гардад. Сифати оби нӯшокие, ки мо истеъмол мекунем, барои саломатиамон нақши муҳимро мебозад. ҳар қадаре об дорои намакҳои гуногун бошад, хатари пайдошавии намак даҳчанд зиёд мешавад, аммо агар инсон худаш ин омилҳои «хоб»-ро бедор насозад, дар гурдааш сангу намак пайдо намешавад.

Бодиринги шӯр-балои ҷон

Миёни дигар омилҳои ба вуҷудоварандаи санги гурда норасоии доимии витаминҳо, махсусан витамини А ва В, ҳамчунин истеъмоли доимии хӯроки сернамак, шӯр, тез, аз қабили бодирингу помидори консервашуда, нақши асосиро мебозад. Ҳар қадаре шумо бештар  бодиринги шӯрак истеъмол мекарда бошед, ҳамон андоза хатари ба санги гурда гирифтор шуданатон меафзояд. Боз як омили дигари пайдоиши санги гурда инфексияи ниҳонии урогениталӣ мебошад, ки одатан тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад.

 Намудҳои санг

Сангҳо аз рӯи таркиботи кимиёвӣ, ранг ва сатҳ гуногун мешаванд:

Сангҳои фосфатӣ – ранги сафеди симобӣ дошта, то андозае мулоиманд ва ба осонӣ майда мешаванд:

Сангҳои оксалат – рангашон сиёҳ ё ало буда, аз намакҳои кислотаи шавелӣ таркиб ёфтаанд. Шаклан хеле ғафсу сахт буда, нӯгтез ва харошанда мешаванд.

Сангҳои пешобӣ – сангҳоеанд, ки аз намаки кислотаи пешоб таркиб ёфтаанд. Онҳо мулоиму ғафс буда, рангашон зарди хокистарранг мешаванд.

Сангҳои систинӣ-аз ҳама сахт, вале ҳамвору суфта мешаванд.

Сангҳои омехта-духтурон баъзан бо сангҳои омехтае дучор мегарданд, ки ядрояшон аз як намуди намак таркиб ёфта, болояш тамоман дигар намуди намак аст. Ин сангҳо дар дилхоҳ қисмати узвҳои пешоббарор, аз ҷумла дар ҳавзак ё дигар қисматҳои гурда, пешобдон, роҳи пешоббарор пайдо шуда метавонад. Нисбатан хавфноктаринашон сангҳои марҷон мебошанд, ки ҳавзаи гурдаро пурра фаро мегиранд.

Санг чӣ гуна аз бадан хориҷ мешавад?

Сангҳои гурда пайваста роҳи баромад мекобанд. Ҳангоми хориҷшавии санг аз организм дарди сахте дар қисмати миёни бемор ба вуҷуд меояд. Нишонаи махсуси хориҷшавии санг аз организм ин пайдошавии хун дар пешоб аст. Ҷонкоҳтарин дард хурӯҷи дарди гурда мебошад, ки замони беҷо шудани санг аз ҳар як ҳаракати он бемор азоб мекашад. Санг аз ҳавзаи гурда хато шуда, ба роҳи пешобгузар гузарад, дард тоқатфарсо гашта, беморро дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, бемадорӣ ва табларза фаро мегирад.

Андозаи санг аҳамият дорад?

Андозаи сангҳо гуногун буда метавонанд аз миллиметру диаметр (ин сангҳоро қум низ меноманд) то 10 сантиметр ва аз он зиёдтар. Ақидае вуҷуд дорад, ки сангҳои андозаашон то 1 см худашон аз организм хориҷ мешаванд. Одатан дар чунин ҳолат ҷарроҳӣ  гузарониданро фармоиш намедиҳанд.

Сангҳои калонтарро майда карда ё тариқи ҷарроҳӣ гирифта мепартоянд. Якчанд роҳи майда намудани санг бо истифодаи лазер ва ултрасадо вуҷуд дорад. Ин амалиёт бе дард аст ва дурудароз идома намеёбад. Ҳолатҳое мешаванд, ки танҳо бо ҷарроҳии кушода сангро аз ҷисми бемор гирифтан муяссар мегардад. Муҳимаш сангҳоро аз бадан хориҷ намудан аст. Дар акси ҳол, бемориҳои душвору хатарноке, аз қабили пиелонефрит, гидронефроз ва ё нефросклероз ба вуҷуд омада метавонанд.

Маслиҳатҳои зиёновар

Аксаран ба беморон маслиҳат медиҳанд, ки гиёҳоби аз алафҳои пешоброн тайёршударо бештар бинӯшанд. Ба гумон аст, ки чунин гиёҳоб сангро аз гурда берун созад, вале микроэлементҳои ҳаётан муҳимро, аз қабили калсий, ба осонӣ шуста мебарорад. Вақте калсий кам мешавад, кори мушакҳои дил низ суст мегардад.

Баъзеҳо барои беҳтару осонтар ихроҷ шудани сангҳо ҳаммоми гармро тавсия медиҳанд. Маслиҳат хуб аст, вале ҳаммом бояд аз ҳад зиёд  тасфон набошад. Гармии миёна (ширгарм) кифоя  аст. Пас аз ин амалиёт ягон рӯймоли пашмин ё шарфро ба миён бастан лозим аст. 

Дору хуб аст ё серҳаракатӣ?

Истеъмоли дорувориҳои обкунандаи санг хавфнок аст, чунки на ҳамаи доруҳое, ки тариқи  радиову телевизион реклама мекунанд, дар ҳақиқат муфиданд. Дорувориро танҳо бо тавсияи табиб истеъмол кардан лозим аст. Машғулиятҳои ҷисмонӣ дар вақти афтидани санг бояд пурра маҳдуд карда шаванд. Бардоштани бори вазнин манъ аст, хаму ростшавии аз ҳад зиёд низ тавсия дода намешавад. Барои афтонидани санги гурда меҳнат кардан лозим  меояд. Бемор бояд бештар роҳ гашта,  вақти роҳгардӣ ҳамон поеро, ки аз он тараф гурдааш санг дорад, тез-тез ба замин бикӯбад. Пойкӯбӣ ба ҳаракати санг ва хориҷ шуданаш аз ҷисм мусоидат менамояд.

Пешгирӣ

Роҳи аз ҳама муфидтарини мубориза бо санги гурда, мисли тамоми бемориҳои дигар, пешгирӣ  намудани пайдоиши он аст. Камҳаракатӣ метавонад сабаби ба вуҷуд омадани санг дар гурда гардад, бинобар ин, ҳар қадар метавонед, бештар ҳаракат намоед. Бо варзиш машғул шавед, пиёда роҳ гардед, машқ кунед, бирақсед, то намак дар ҷисматон ҷамъ шуда, ба санг табдил наёбад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *