Санги Махсум Олимӣ навсозӣ шуд
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори соҳибкори хайрхоҳ Ҳикматулло Қурбонов ва саҳми сокинони деҳаи Каздон дар Санги Махсум Олимӣ корҳои тармимию азнавсозӣ шурӯъ шуда буданд. Инак, пас аз чанд рӯз болои санг иловатан сементпӯш ва гирди он бо панҷараҳои оҳанин оро дода шуда, ба болои санг аз ҷониби устоҳои чирадасти рустои Каздон болопӯш гузошта шуд.
Ҳамзамон, аз тарафи роҳи асосии русто ба санг нардбони оҳанин насб карда шуд, ки минбаъд ҳар нафаре, ки ба он ҷо ташриф меорад, тавассути он ба болои санг мебарояд, аз насиму шӯру шари Каздонрӯд ҳавловат ва аз ҳавои софу беғубор нафаси атрогини рӯзгор мекашад. Дар ин кор саҳми устоҳои чирадаст Холмаҳмад, Исматулло ва Расулбердӣ назаррас аст. Дар ин бора писари шоир Шаҳриёр Олимӣ ба сомонаи Pressa.tj хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки ин санг дар мавзеъи Даҳани Козашах воқеъ аст, ки аз пешаш Каздонрӯд убур мекунад. Дар лаби дарё санге ҳаст, ки дар атрофи он се-чор дарахти бед қомат афрохта, дарёро аз ду ҷониб муҳосира кардаанд. Ин дарахтон соли 1978 аз ҷониби шоири шаҳид Махсум Олимӣ шинонида шуда, болои он низ сементпӯш карда шуда буд, вале бо гузшати вақт ба таъмиру тармим ниёз пайдо кард.
Интихоби ин мавзеъи биҳиштосо барои нишастҳои фардию гурӯҳӣ худ далели возеҳи табъи баланди шоир аст. Аз ин ҷост, ки ин сангро мардуми маҳаллӣ бо эҳтиром Санги Махсум Олимӣ мегӯянд. Тибқи гуфтаҳои бузургсолон ва ёддоштҳои аҳли қалами русто замоне дар ин санг устодон Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Мансур Суруш бо ҳамроҳи Махсум Олимӣ нишаста, истироҳат кардаанд. Аз ин хотир ин санг маҳбубияти бештар пайдо карда, номи Махсум Олимиро мегирад. Ҳар нафаре, ки ба ҳайси меҳмон ба рустои Каздон сафар кунад, мардуми маҳаллӣ онро ба ин макон мебаранд. Ҳар баҳор ба муносибати ҷашни наврӯз ин ҷо нишастгоҳи фароғатии гурӯҳи дӯстону ҳамсинфон мегардад.
Дар охир Ш. Олимӣ бо истифода аз фурсат аз номи пайвандону наздикон ва ҳаводорони шоири шаҳид Махсум Олимӣ ба Ҳикматулло Қурбонов ва мардуми диёр барои ташаббуси наҷибу мондагор ва саҳми муташаккилона гузоштан дарин кор изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба эшон офияту осоиш ва фатҳу кушоиш дар рӯзгорро орзу намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ