Сангинзода бо коршиносони ТБМ вохӯрд
23 феврал Эмин Сангинзода, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) Николай Стюдер, сармутахассиси Бюрои ТБМ оид ба музди меҳнат дар шаҳри Москва ва Патрик Белсер, роҳбари шуъба оид ба масъалаҳои музди меҳнати Бюрои ТБМ дар мулоқот кард.
Тавре ки аз вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷараёни татбиқи «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017»-ро баррасӣ намуданд. Коршиносони ТБМ тасмим гирифтанд, ки дар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои меъёрбандӣ ва музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур ба шарикони иҷтимоӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон вохӯрии коршиносони даъватшуда бо шарикони иҷтимоӣ, роҳбарони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва Хадамоти назорати давлатии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ