Саодат Азизова: Соли фарҳангикушу зиёирабо омад (Видео)
-Шумо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонед, чаро дар бораатон кам менависанду мегӯянд?
-Намедонам, аммо дар барномаҳои телевизионии зиёде будам ва чанд навиштаҳо ҳам дар бораам ҳастанд. Аслан худам хоҳиши худнамоӣ надорам, мехоҳам бисёртар дигаронро муаррифӣ кунам.
-Дар ин замони вабо аз чӣ меандешед?
-Ҳарчанд ки ба кор меоем, механдем, бо наздиконамон шишту хез мекунем, аммо имсол зиндагиямон дигаргуна аст, рӯзҳоямон ба тавре сипарӣ мешаванд, ки гӯё мунтазири хабаре бошем.
-Тарс доред?
-Тарс не, чизи дигар, ки намедонам онро чӣ гӯям. Шояд хавотирӣ гӯем, зеро ҳамаи мо медонем, ки инсон миранда аст ва дар ҳамин вақт ҳеҷ кас орзу надорад, ки бимирад.
-Марг барои шумо чӣ маънӣ дорад?
—Танаффуси кутоҳ миёни мурдану аз нав зинда шудан. Ман умед дорам, ки дар он дунё зинда мешавем ва бо ҳам вомехӯрем.
-Коронавирус бештар зиёиёнамонро ба доми аҷал кашид. Вақте ки хабари марги ин ё он шахсияти фарҳангиро мешунавед, онро чӣ гуна қабул мекунед?
-Рост мегӯед, ин вабои фарҳангикушу зиёирабо бисёр ҳампешаҳову ҳамватанони азизро бурд. Ёдам мондааст, ки як рӯз пеш аз маргаш бо Савринисо Сабзаалиева суҳбати телефонӣ доштам, овозаш ҷарангос мезад ва ҳатто ман гуфта будам, ки кор биё, ту сиҳатӣ, вале пагоҳаш вақти ифтор хабари маргашро шунидам. Ҳоло дар замоне зиндагӣ дорем, ки аз занги телефон меҳаросем. Ман ҳама хабарҳои сиёҳи фарҳангиёнамонро бисёр бо дард ва андӯҳи зиёд қабул мекунам. Инро бояд таъкид кард, ки аз дигар қишри ҷомео дида, мо фарҳангиён бо ҳамдигар наздиктарем, зеро пайваста дар сафарҳои хизматием, бо якдигар бисёртар дар муоширатем, бо эҳсос сари кор дорем ва оинаи ҳамдигарем.
-Шумо аз коронавирус сироят ёфтед?
-Шукри Худо, ки не.
Бад нест, ки маро бад гӯянд…
-Шуморо аксарият ҳамчун офарандаи нақшҳои бад мешиносанд. Дар ин дунё ки мо як бор зиндагӣ мекунем меарзад, ки ҳамчун симои бад ба ёд монем?
-Ман ҳунармандам ва аз ҳама муҳим бояд корамро дар сатҳи баланд иҷро кунам. Агар маро ҳамчун офарандаи нақши бад шиносанд, ин бад нест, зеро маълум мешавад, ки ман аз уҳдаи нақшам хуб баромадаам. Вой ба ҳоли ман, агар дар филме нақши бад бозаму маро ҳамчун одами хуб қабул кунанд…
-Дар мо аз сифати пасти намоишномаҳо зиёд мегӯянд, ҳатто худи ҳунармандон ҳам. Чӣ бояд кард?
-Драматургони муҳтарам агар асарҳои хубрро ба театрҳо пешниҳод кунанд, намоиши хуб ба вуҷуд меояд. Ҳоло асари хуб камёфт аст. Вақте асари боарзиш пайдо мешавад, коргардон бо ҷону дил кор мекунад, ҳунармандон кушода мешаванд, тамошобин розӣ шуда аз театр меравад.
-Агар як духтараки 17-сола, ки нав мактабро хатм кардааст назди шумо ояд ва дар мавриди интихоби касби ояндааш маслиҳат пурсад, актёриро тавсия медиҳед?
-Ба ин савол намешавад ҷавоби саҳеҳ дод, зеро барои актёр шудани касе бояд аввал муайян кард, ки ӯ мехоҳад ин касбро ё не. Баъд аниқ кардан даркор аст, ки ӯ шуҳрат мехоҳад ё дар ҳақиқат санъат.
-Ҳозир мо ба актёрони нав эҳтиёҷ дорем?
-Бале, ҷомеа ҳамеша ба ҷавонон ниёз дорад, то ки ҷавонон аз калонсолон омӯзанду фардо ҷойивазкуни онҳо гарданд.
Нолидану шикоят карданро нағз намебинам
-Дар мо бархе фарҳангиёнамон бо сабабҳои ба қадри кофӣ қадр нашудани ҳунар, зиндагии шоиста надоштан, маошу даромади кам меноланд….
-Бале, ин дуруст аст, ки таваҷҷуҳ ба ҳунар кам аст, аммо фикр мекунам, ки мо ҳунармандон ҳам ба корҳое ки ба шаъни мо намезебад машғул нашавем. Барои мисол имрӯз гуруҳҳои ба ном ҳаҷвӣ пайдо шудаанд, ки намоишҳояшон берангу каммаъно аст ё филмҳое, ки дар онҳо нақш бозидан намеарзад.
-Худи Шумо аз чӣ менолед?
-Ман нолидану шикоят карданро нағз намебинам. Масалан, дар 30-солагиям шавҳарам вафот кард ва бо се фарзанд танҳо мондам. Он вақт ман ҳеҷ гоҳ нанолидам, балки кор кардам. Дар хобгоҳ мезистам, дар баробари кори театр дар хобгоҳ фаррош будам. Шукри Худо ҳеҷ вақт нанолидам ва хуб медонистам, ки аз нолидану ба касеву гуруҳе сарбор шудан суде надорад.
-Барои ҳунарманд доштани унвон муҳим аст?
-Бале, зеро унвон додан маънои ҳунари ҳунармандро қадр кардан аст.
-Агар ба шумо унвон намедоданд, чӣ кор мекардед?
-Албатта, сахт мерасид, зеро мо ҳунармандон на хонаҳои бодабдаба дорем, на бизнес. Ҳамин як унвон дорем, ки агар инро ҳам гиранд, тамом.
Дар масири ёдҳо
-Шумо дар Телевизиони Душанбе ду барномаро пеш мебаред, ки яке “Дар масири ёдҳо” ва дигаре “Чаҳра” ном дорад, бигӯед, ки сабаби дар ТВ кор карданатон чист: маоши театр намерасад, ҳавас доред ё касе хоҳиш кард?
-Соли 2008 ман бо мақсади зинда нигоҳ доштани номи фарҳангиёнамон ба СОРОС як лоиҳа пешниҳод кардам, ки чунин иқдомро мехоҳам амалӣ кунам. Онҳо маблағ ҷудо карданд ва дар Телевизиони Тоҷикистон барномаи “Дар масири ёдҳо” арзи ҳастӣ кард. “Дар масири ёдҳо” то соли 2018 давом кард.
Ҳоло дар Телевизиони Душанбе ҳам барномаи “Дар масири ёдҳо” ва ҳам “Чеҳра” фаъол ҳастанд. Ин кори ман барои маблағ не, балки барои муаррифӣ кардани фарҳангиёнамон аст.
-Барои чӣ аз Телевизиони “Тоҷикистон” ба “Душанбе” гузаштед?
-Бо сабабҳои иқтисодӣ.
-Як замон шумо дар радио барномаи “Театр дар назди микрофон”-ро роҳандозӣ карда будед, аз тақдири ҳамон бигӯед?
-Ин барномаи айни замон фаъол нест, зеро бо сабаби норасоии молиявӣ барномаро қатъ кардем.
“2 ҳазор доллар бошад”
-Чанд сомонӣ лозим аст, ки шумо як моҳ бе мушкилӣ зиндагӣ кунед?
-Барои зиндагии шоиста доштан 2 ҳазор доллар бошад, ҳаматарафа басанда аст.
-Маоше, ки ҳоло мегиред, қаноатманд ҳастед?
-Мерасонам, барои хароҷоти иловагӣ фарзандон ҳастанд, кӯмак мекунанд.
—Кай бори охир ба истироҳат рафта будед?
-Порсол Анталия рафта будам.
-3 ҷойи хуб барои истироҳат куҷоҳоянд?
-Агар шароит, фазо ва муҳит хуб бошад, дар хона ҳам нағз истироҳат кардан мумкин аст. Лекин ман сафар карданро нағз мебинам ва мехоҳам Ҳаҷ равам.
—Беҳтарин актёрӣ дунё кадом аст?
-Инокентий Смоктуновский.
-Беҳтарин актёри Тоҷикистон?
-Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҳошим Гадо.
-Дар фазои маҷозӣ кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро истифода мебаред?
-Як муддат ба ман “Фейсбук” кушоданд, дидам, ки он қадар ҷойи хуб несту гапҳо бисёранд, маҳкам кардам. Ҳоло Вайберро истифода мебарам, барои ба фарзондонам суҳбат кардан.
-Аз аҳлу оилаи шумо касе театр меояд?
-Албатта, ҳамаи намоишномаҳои маро аҳли оилаам омада мебинанд.
—Шумо ба дигар театрҳо меравед?
-Бале, ба ин намешавад. Ман ба намоиши ҳама театрҳо меравам.
-Шумо дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридаанд?
-Бале.
-Даъвои зиёӣ будан доред?
-Инро бояд дигарон баҳо диҳанд.
-Зиёӣ бояд чӣ гуна бошад?
-Фикр мекунам, зиёӣ будан дар ботин аст, ҳар нафаре, ки ботинан равшанфикр асту аз дирӯзу имрӯз бо хабар аст, зиёй аст. Зиёй бояд ҳамқадами замон бошад.
Ба марг тайёр мешавам”
-Охирин бор кай ба шумо гул тӯҳфа карда буданд?
-7 ноябр.
—Охирин бор кай шумо шикамсерӣ хандиданд?
-Қабл аз коронавирус.
-Охирин бор чӣ қадар гонорар гирифтед?
-Ёдам нест, ки чӣ қадар маблағ мегирам ё гирифта будам, зеро бачаҳои ҷавон бисёр меоянд ва онҳо доимо мегӯянд, ки пул надорем.
—Охирин бор кай гузаштаи худро ёд карда будед?
-Ҳар рӯз ёд мекунам.
—Охирин бор ба кӣ дурӯғ гуфтед?
-Аз вақте ки ақлам ба ҷояш аст, дурӯғ намегӯям.
—Охирин бор кай дар бораи охират фикр карда будед?
-Ҳар рӯз фикр мекунам.
—Охирин бор кай ба шумо “комплтмент” карданд?
-Пеш аз сабт шумо хушсуханиҳои хуб гуфтед.
-Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон бошад, чӣ кор мекунед?
-Ҳеҷ, ба марг тайёр мешавам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ