Саодатбибӣ Сироҷзода. Генералзани нави тоҷик кист?

Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон Сироҷзода Саодатбибӣ Давлатхуҷа, мушовири адлияи дараҷаи 3 бо рутбаи «Генерал-майёри адлия» қадрдонӣ карда шуд.

Ин қадрдонӣ дар ростои ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр, Сироҷзода Саодатбибӣ пас аз Саодат Амиршоева ва Барно Сайвализода сеюмин генералзани тоҷик аст.

Ҳолномаи Сироҷзода Саодатбибӣ расонаӣ нест. Аммо маълум аст, ки собиқадори соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, солиёни зиёд дар мақомоти адлияи кишвар кор кардааст.

Дар оилаи мансабдор тарбия ёфта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд ва мактаби ҳизбӣ аст. Фаъолияти кориро дар САҲШ-и Хатлон оғоз карда, солҳо роҳбари ин ниҳод будааст. Ҳоло сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *