Саодати волидайн буданро бо SORANUS эҳсос намо!
Фарзанд меваи умр ва нишоти зиндагии одамизод мебошад. Тамоми такопӯ ва талошҳои инсон дар зиндагӣ маҳз ба хотири фарзанд аст. Мутаассифона, баъзе одамон аз ин неъмати бебаҳои Худованд маҳрум монда, солҳои дароз дар ба дари табибон медаванд, аммо ба муроди дилашон намерасанд. Акнун барои соҳиби фарзанд шудан ҳамватанони моро ба Туркия ё дигар кишварҳои Аврупо сафар кардан лозим нест. Дар шаҳри Душанбе Маркази тиббии «SORANUS» фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки мутахассисони он вазифаи муқаддас-бордор сохтани ниҳоли умри одамонеро бар дӯш гирифтаанд, ки солҳои дароз дар ҳасрати фарзанд сӯхта, обу адо гаштаанд.
Дар маркази тиббии «SORANUS» мутахассиси варзидаву пешбари ҷаҳонӣ оид ба тибби ёрирасони репродуктивӣ, профессор Сербулент Орҳанер фаъолият менамоянд, ки беморонро ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳри Туркия бо табобат фаро мегиранд.
Сербулент Орҳанер аввалин табибест, ки соли 1998 Маркази тиббии репродуктивиро дар шаҳри Бурса таъсис дода, бо истифода аз иттилоот, технология, мушоҳидаҳо ва таҷрибаи шахсӣ ва ба шарофати командаи ботаҷриба ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст. Бо шарофати кори дастаҷамъонаи командаи Маркази тиббии «SORANUS», амалиётҳои репродуктивӣ бори аввал дар шаҳри Бурса ба роҳ монда шуда, яхкунии аввалини ҷанинҳо ва дар натиҷаи он аввалин кӯдакони зинда аз ҷанинҳои яхкардашуда таваллуд шуданд.
“SORANUS” ҳамчун Маркази тиббии бордоркунии сунъӣ (ЭКО), ки дар Осиёи Марказӣ яке аз беморхонаҳои пешрафтатарин ба шумор меравад, аз соли 2022 фаъолияти худро дар кишвари мо ба роҳ мондааст. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи доктор Сербулент Орҳанер тасмим гирифта шуд, ки Маркази тибии мазкур хизматрасониҳои худро васеътар намуда, бо таҷҳизоти муосиру пешрафтаи ҷаҳонӣ ҷарроҳихонаву амалиётхонаҳои беҳтаринро пешниҳоди мизоҷони тоҷикистонӣ намояд. Дар Маркази тиббӣ ба ғайр аз амалиёти “ЭКО” тамоми намуди бемориҳои гинекологӣ ва ҷарроҳиҳо ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, табобати бемориҳои сина, ки дар кишвари мо зиёд ба назар мерасад, аз қабили калон ва хурд кардани сина. Тамоми намуди ҷарроҳиҳои пластикӣ, аз қабили ҷарроҳи эндоскопӣ барои нафароне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд. Гинекопластика, ринопластика, ҷарроҳиҳои роҳҳои нафас ва гӯшу бинӣ. Табобати бемориҳои ортопедӣ аз қабили бемориҳои дасту пой, китф, зону, оринҷ ва сутунмӯҳра. Ташхисҳои умумӣ, табобати артрит, бурсит, шикаста ва мушкилоти бофтаҳо. Бемориҳои урологӣ, ҷарроҳии простата ва масона. Табобат бо усули ҷарроҳӣ ва ғайриҷарроҳӣ аз ҷониби духтурони ботаҷриба ва командаи хуб, ки аз кишвари Туркия ба Тоҷикистон омадаанд, бо хизматрасонии мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ пешниҳод мегардад.
Барои машварат бо табибони ботаҷрибаи “SORANUS” шумо метавонед худи ҳозир бо ин рақамҳо дар тамос шавед. Тел: +992411805555, суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 61
Дар маркази тиббии «SORANUS» номгӯи зерини хизматрасониҳо ба муштариён пешниҳод мегардад:
-гинекология ва акушерӣ;
-маркази бордоршавӣ экстракорпоралӣ (ЭКО);
-урология;
-ҷарроҳии фарбеҳӣ (бариатрикӣ);
-ҷарроҳии умумӣ;
-ортопедия ва травматология;
-нейрохирургия;
-бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯ;
-ҷарроҳии пластикӣ ва барқарорсозӣ;
-маркази трансплантатсияи мӯй.
Азбаски самти асосии Маркази тиббии «SORANUS» ин бордоркунии сунъӣ (ЭКО) мебошад, суҳбати мо бо табиби варзидаи турк Сербулент Орҳанер оид ба чанд нозукиҳои ин намуди хизматрасонии дармонгоҳи мазкур сурат гирифт:
— Аксарият аз тарси он ки дар чунин марказҳои тиббӣ тухмҳуҷайраҳои бегонаро истифода мебаранд, барои “ЭКО” кардан ба беморхонаҳои ҳаммисл муроҷиат намекунанд. Дар маркази шумо тартиби бордоркунии сунъӣ чӣ гуна сурат мегирад?
-То ба имрӯз барои бордоркунии сунъӣ мо дар ягон нафар тухмҳуҷайраҳои бегонаро истифода накардаем. Нафароне, ки чунин хоҳиш доранд, ман ба назди мутахассисони берун аз кишвари Тоҷикистон равон мекунам. Дар хориҷа марказҳои тиббии махсусе ҳастанд, ки барои бордоркунӣ аз тухмҳуҷайраҳои бегона, яъне “донорӣ” истифода мебаранд.
— Бордоркунии сунъӣ бо кадом фосила гузаронида мешавад? Масалан, агар баъди “ЭКО” зан ҳомиладор нашавад, чанд вақт бояд танаффус кунад?
-Аз ҳолати тухмдонҳо вобастагӣ дорад. Агар ҳолати тухмдонҳо ба ҳамон моҳи амалиёт мувофиқ бошад, мо дарҳол табобатро такрор мекунем. Дар акси ҳол интизор мешавем. Бояд қайд намуд, ки “ЭКО” ба ҳолати равонии бемор таъсири сахт мерасонад. Барои мо руҳияи бемор раванди муҳими табобат ба шумор меравад. Танҳо баъд аз беҳтар шудани ҳолати равонии бемор мо амалиётро давом медиҳем.
— Аксарият баъди “ЭКО” кардан дугоник ё сегоник таваллуд мекунанд. Сабаб дар чист?
-Барои он ки эҳтимолияти ҳомиладоршавӣ зиёд шавад, одатан мо дар беморон то 2 ҷанин (эмбрион) интиқол медиҳем. Ҳолатҳое мешавад, ки аз 2 эмбрион метавонад ҳардуяш нақапад, яъне зан ҳомила намешавад ё 1 ҷанин меқапад ё ҳардуяш. Дар баъзе беморон мо 3 ҷанин интиқол медиҳем, ҳолатҳое шудааст, ки баъди амалиёти мо зан сегоник ҳомила шудааст. Дар чунин нафарон хатари пеш аз муҳлат таваллуд кардан зиёд аст. Мо пешакӣ ба чунин зану шавҳарон мефаҳмонем, ки дар сурати сегоник ҳомиладор шудани зан, дар давраҳои аввали ҳомиладорӣ мо як ҷанинро ҷудо карда мегирем, то ки ба рафти ҳомиладорӣ ягон зарар нарасонад. Рафту агар бемор нахоҳад, мо дар бачадон ҷанини сегоник ҷойгир намекунем. Тамоми амалиётҳои мо бо иҷозат ва хоҳиши худи зану шавҳарон ба роҳ монда мешавад.
— Ҷанини интиқолшуда баъди чанд рӯз дар бачадон ҷойгир мешавад?
-Одатан имплантатсия часпиши эмбрион ба бачадон аз 2 то 5 рӯзро дар бар мегирад. Ҳомиладор шудан ё нашудани занро баъд аз 14 рӯзи интиқоли ҷанин фаҳмидан мумкин аст.
-Дар кадом ҳолатҳо эмбрион метавонад дар бачадон пайваст нашавад?
— 3 сабаб дорад.
Сабаби якум эндометрия, яъне бачадони носолим аст. Ман барои шумо як мисол меорам. Мо ягон навъи тухмиро дар замин мекорем, агар хоки замин хуб бошад, тухмӣ инкишоф ёфта месабзад, лекин агар тухмиро дар ҷои сементӣ корем, он ба ҳеҷ ваҷҳ намесабзад. Баъзе занҳо бачадони мисли семент бемор доранд.
Сабаби дуюм дар мушкилоти генетикӣ доштани ҷанин аст. Агар ҷанин бемориҳои генетикӣ дошта бошад, онро ҳатто дар зери микроскоп низ дидан номумкин аст ва ҳамин мушкилӣ аксаран хеле зиёд дар беморон дида мешавад.
Сабаби сеюми ҳомиладор нашудани зан бо усули бордоркунии сунъӣ дар ҳамин аст, ки баъзе бачадонҳо умуман ҷанинро қабул намекунанд.
-Оё баъди ҳомиладор шудан тавассути бордоркунии сунъӣ (ЭКО) хатари ҷанинро партофтани бачадон вуҷуд дорад?
-Бале, чунин ҳам мешавад. Ҳамон хатаре, ки дар занҳое, ки худашон ҳомиладор мешаванд, дар бордоркунии сунъӣ низ рух медиҳад. Эҳтимолияти таваллуди бармаҳал низ дар бордоркунии сунъӣ хеле зиёд аст. Танҳо бемороне, ки пайваста таҳти назорати мо қарор доранд, ба чунин ҳолатҳо дучор намешаванд.
-Зану мард то кадом синну сол метавонанд бо кумаки «SORANUS» лаззати модар шуданро бичашанд?
-Барои мард ягон сарҳади синнусолӣ вуҷуд надорад, то даме ки тухмҳуҷайраҳояш фаъоланд. Баъди 40- солагӣ дар занҳо эҳтимолияти ҳомиладоршавӣ кам мешавад. Аз ҳама зани сину солаш калон дар таҷрибаи кории ман, ки бо усули бордоркунии сунъӣ ҳомиладор шуд, зани 46- сола буд ва дар 47-солагӣ фарзанди солим таваллуд кард.
—Климакс монеи бордоршавии сунъӣ шуда метавонад?
— Агар фаъолияти фолекулаҳо фаъол бошанд, зан метавонад ҳатто дар давраи климакс низ ҳомиладор шавад.
-Бартарии Маркази тибии “SORANUS” аз дигар беморхонаҳои муосир дар чист?
-Нафароне, ки беморияшон дар Тоҷикистон табобат карда намешавад, бо роҳнамоии бевоситаи ман ба кишвари Туркия бурда мешаванд. Мо тамоми ташхису амалиётҳои лаборатории беморро дар Душанбе гузаронида, ӯро барои ҷарроҳӣ пурра омода месозем. Дар Туркия беморон сарсону саргардон намешаванд, балки бо ҷои зисти беҳтарин таъмин шуда, то давраи шифо ёфтанаш аз ҷониби мо роҳнамоӣ мегардад ва баъди ҷарроҳӣ беморро ба Тоҷикистон меорем. Бартарии дигари Маркази тиббии мо дар ҳамин аст, ки беморон дар шифохонаи мо ба зудӣ ба по мехезанд. Яъне, баъд аз як рӯзи ҷарроҳӣ бемор шифо ёфта, ба хонааш меравад. Дар Маркази тиббии мо мутахассисони донишманд, ботаҷриба ва пешрафтаи ҷаҳонӣ хизматрасонӣ мекунанд.
-Дар охир таманнои шуморо ба мардуми шарифи тоҷик донистан мехостем?
-Бигзор дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳу ваҳдат бошад ва аз ҳар як хонаи тоҷик садои хандаю гиряи тифлакон ба гӯш бирасад!
Нодира Раҷабова
Барои машварат бо табибони ботаҷрибаи “SORANUS” шумо метавонед худи ҳозир бо ин рақамҳо дар тамос шавед. Тел: +992411805555, суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 61
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ