Сарҳад мустаҳкамтар мешавад. Президент дар Хоруғ боз чиҳо гуфт?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ таъкид намуд, ки вазъи қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят то ҳол ташвишовар боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, тайи солҳои 2021 – 2023 ва ҳашт моҳи соли 2024 аз ҷинояткорон беш аз 929 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ӯ илова кард, ки бо дарназардошти он ки хатти сарҳади давлатӣ дар ҳудуди вилоят аз минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои ба мушкилӣ назоратшаванда мегузарад, вақтҳои охир иловатан 33 дидбонгоҳи сарҳадӣ таъсис дода шуд, ки боиси беҳтар шудани назорат гардид.

“Мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ дар солҳои оянда низ зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар тамоми хатти сарҳади давлатӣ бунёди иншооти муҳандисӣ ва насби таҷҳизоти муосири назорати шабонарӯзии сарҳад идома меёбад”, — гуфт Президенти кишвар.

Зикр гардид, ки то имрӯз зиёда аз 30 километр хатти сарҳади давлатӣ бо симтӯру симхор ва камераҳои назоратӣ таъмин гардида, то охири соли равон зиёда аз 50 километр хатти сарҳад пурра бо чунин таҷҳизоти муҳофизатӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

“Бо вуҷуди ин, сохторҳои ҳифзи сарҳад ва умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки доир ба таҳкими боз ҳам бештари сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, хусусан, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд”, — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатӣ  аз 12 то 14 октябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим, Роштқалъа ва  шаҳри Хоруғ  қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *