Сарҳадчиён ҳисобот медиҳанд

 

Дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар нӯҳ моҳи соли 2018 баргузор гардид.

Давраи сипаришуда аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳо оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеъӣ ва воситаҳои нақлиёт, пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва ғайра гузаронида шуданд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 53 амалиётҳои махсус гузаронида шуда, аз қочоқчиён ба миқдори 1 350 кг 748 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла:  87 кг 160 гр героин,  472 кг 561 гр афюн,  605 кг 524 гр ҳашиш,  183 кг 777 гр бангдона (канабис),  127 кг 720 гр  маводҳои мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида,  1 110 238 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Аз қочоқбарон  21 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 1 000 дона тирҳои қутраш гуногун, 119 дона нориҷакҳои дастӣ ва маводҳои тарканда, 28 адад лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира намуданд.  Дар ҳамин давра 20 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда,  11 нафар қочоқчӣ безарар,  32 нафар дастгир  ва  56 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шуд.

Ҳамзамон, 124 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 101 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 163 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 165 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.

Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ  433 нафар ашхос: — вайронкунандагони низом дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ – 22 нафар; — вайронкунандагони қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 48 нафар  ва  343 нафар шахсони дар рӯйхати кофтуков қарор дошта дастгир шуда, пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомотҳои дахлдор супорида шуданд.

Аз қонунвайронкунандагони низоми сарҳадӣ ва қочоқбарони молҳои ниёзи мардум, маводҳои хӯрокворӣ, ашёҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, ки ғайриқонуни вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуданд, ба буҷаи давлат 544 202 сомонӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон, дар ин муддат пас аз таъмиру пурра аз навсозӣ ва корҳои ободонӣ дар ВМКБ, Отряди сарҳадии “Хоруғ”, Комендатураи сарҳадии “Рушон”, дидбонгоҳи сарҳадии “Харгушӣ” ва дар вилояти Суғд 2 (ду) адад  Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида, бо мақсади таъмини боэътимоди амнияти кишвар новобаста аз фасли сол, дар сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ сарҳадбонон ба истифода дода шуданд.

Сохтмони иншоотҳои сарҳадӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои тамоми шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.

Дар ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сардорони Раёсатҳо, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оиди иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин оиди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, мустаҳкамии назорат ва муҳофизати сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас барои се моҳаи чоруми соли 2018 дода шуд.

 

Муҳамммад Улуғхоҷаев — Маркази матбуоти

Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *