Саратон. Роҳҳои халқии мубориза бо он
Саратон. Бо шунидани ин калима ба дили кас ҳарос меафтад, зеро саратон аз зумраи бемориҳое мебошад, ки табобаташ бениҳоят душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто номумкин аст. Аммо мисли тамоми бемориҳои дигари мавҷуда саратонро низ пешгирӣ кардан мумкин аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳу усулҳои халқии пешгирии касалии саратон маълумот медиҳем. Ин усулҳо хеле арзон ва безарар буда, фоиданокии ҳар яки онҳо дар мубориза бо ҳуҷайраҳои саратон аз ҷониби олимон собит гаштааст.
1. Бештар оби чашма нӯшед!
Барои пешгирӣ намудани касалии саратон бештар оби тоза нӯшидан лозим аст. Дар як рӯз шахс бояд на камтар аз 2 литр оби чашма ё оби дигари тозаро нӯши ҷон созад. Об заҳрҳоро аз ҷисми инсон бароварда, дар мубориза бо аллергия кумак мерасонад ва касалии саратонро пешгирӣ мекунад. Исбот шудааст, ки шахсони дар як рӯз бештар аз 2 литр оби тоза менӯшида 2 маротиба камтар ба касалии саратон гирифтор мешаванд.
2. Лаблабу хӯред
Бисёриҳо ба лаблабу нописандона менигаранд, вале дар асл ин сабзавот барои организми инсон бениҳоят фоиданок аст. Лаблабу кори ҷигарро ба низом медарорад, хунро тоза мекунад ва моддаҳоеро, ки боиси пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ мегарданд, аз ҷисми инсон мебарорад.
3. Помидор ва сабзӣ
Тавсияи сеюме, ки барои пешгирии бемории саратон дода мешавад, ин бештар истеъмол намудани помидор ва сабзӣ мебошад. Дар таркиби ин ду сабзавот витамини А зиёд буда, кори тамоми узвҳои дохилии инсонро ба низом медарорад.
4. Равғани зағир
Дар мубориза бо ҳуҷайраҳои саратонӣ равғани зағир низ хеле муфид аст. Истифода бурдани равғани зағир дар хӯрок ба ҷисми инсон ёрӣ мерасонад, ки барои несту нобуд кардани ҳуҷайраҳои саратонӣ моддаҳои заруриро ҳосил намояд.
5. Мевагӣ хӯред
Барои пешгирии касалии саратон бештар ба ҷисми инсон витамини С лозим аст. Барои ҷисми худро бо ин витамин шодоб гардонидан шахс бояд бештар сабзиҷот, меваҳои тару тоза ва махсусан меваҳои ситрусӣ хӯрад. Қобили зикр аст, ки тамоми витаминҳо барои ҷисми инсон заруранд, вале витамини С мақоми махсус дорад, зеро он ҳуҷайраҳои саратониро несту нобуд месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ