Саратони сина занро намекушад, агар…

Солҳои охир шумораи гирифторони саратон, хоса саратони ғадудҳои ширӣ торафт афзуда истодааст. Аксарияти одамон касалии саратонро дарди бедаво мешуморанд ва чунин ташхисро бо хутбаи марг баробар медонанд. Табибони саратоншинос бо ин ақида розӣ нашуда, мегӯянд дар сурати сари вақт бо табобат фаро гирифтани бемор пеши роҳи хуруҷ ва паҳншавии саратонро гирифта, бар ин беморӣ ғолиб омадан мумкин аст.

Сари ин мавзӯъ бо мудири “Шӯъбаи омосҳои системаи репродуктивии занона”-и Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Фарҳодҷон Ваҳҳобов суҳбати ҷолибе доштем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

-Дар қиёс бо солҳои пешин саратон камтар шудааст ё баръакс шумораи беморон торафт меафзояд?

-Мувофиқи омори созмони ҷаҳонии тандурустӣ–ВОЗ суръати афзоиши саратон дар як сол 1,5 – 2,0 %- ро ташкил медиҳад, аммо дар баробари афзоиши беморӣ роҳҳои нав ба нави мубориза бо саратон пайдо шуда, хавфи марг ва дигар оқибатҳои ногувори беморӣ камтар шудааст. Саратони ғадудҳои ширӣ нисбат ба дигар намудҳои саратон на танҳо дар вилояти Суғд ва миқёси ҷумҳурӣ, балки дар сар то сари ҷаҳон тенденсияи болоравӣ дорад. Маҳз бо сабаби афзоиши ин намуди саратон дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд соли 2017 шуъбаи “омосҳои системаи репродуктивӣ ва узвҳои занона” кушода шуд. Замоне аз саратон  наҷот ёфтан фақат  орзуи бемороне буд, ки имкони ба хориҷа рафта табобат кардан доштанд, вале хушбахтона ҳоло ҳар як шаҳрванди одӣ метавонад дар кишвари худамон, дар вилояти худамон  табобат гирифта аз бемории саратон наҷот ёбад.

Аксари занҳо бо шунидани он ки ба саратон, хоса саратони сина гирифтор шудаанд, дарҳол умедашонро аз зиндагӣ мекананд. Тарсу ваҳми ин бонувон то куҷо асос дорад?

Муддати 22 сол аст, ки ман дар марказии саратоншиносии вилояти Суғд кор мекунам. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари мардум дар бораи саратон тамоман маълумот надоранд, маълумот дошта бошанд ҳам, тасаввуроташон комилан ғалат аст. Гирифтор шудан ба саратон ҳанӯз маънои онро надорад, ки зиндагии шахс ба поён мерасад ва бояд худро ба марг тайёр намояд. Беморе, ки мубталои саратон гаштааст, агар сари вақт аз паси табобат шавад, пеши роҳи хуруҷи бемориро гирифтан мумкин аст. Мутаассифона, аксаран беморон дер ба духтур муроҷиат мекунанд. Таъхир кардани мариз дар рафти табобат душвориҳоро ба миён меорад.

Сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат накардани беморон дар чист?

-Як сабаби сари вақт аз пайи табобат нашудани одамони ба саратон гирифторшуда дар оғоз бе дард ҷараён гирифтани беморӣ бошад, сабаби дигараш беаҳамиятию бепарвоӣ нисбат ба ҷисми худ аст. Беморӣ дар оғоз бе дард сар шавад ҳам, нишонаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст, аммо баъзе занҳо танҳо пас аз он ки аз синаашон хуну чирку зардоб ҷорӣ гашт, ба духтур муроҷиат мекунанд.

-Бо роҳи ламс кардан ба саратони сина гирифтор будани занро пай бурдан мумкин аст ё не?

Ғадуди ширӣ ғадудест, ки дар ниёми мушаки калони сина дар байни кабурғаҳои III ва VI ҷойгир аст. Ин ғадуд аз 15– 25 ҳиссача иборат буда, маҷрои онҳо (роҳҳои шир) дар сӯрохи пистон боз мешавад. Ғадуди ширӣ дорои шабакаи лимфавӣ аст, ки тавассути он лимфа ба лимфағадудҳои асосан зери каш меравад. Вазифаи асосии ин ғадуд ҳосил ва ихроҷ кардани шири сина буда, зери ин ҷараён таъсири гормонҳои гипофиз, тухмдон ва ғадуди сипаршакл сурат мегирад. Он хусусан дар давраи таваллуд ва сина маконидани тифл ба дараҷаи бештарини инкишоф мерасад. Дар давраи климакс рушди баръакси бофтаҳои ғадуди ширӣ оғоз меёбад, ки дар ин давра бояд занҳо нисбати худ бештар боаҳамият бошанд. Ҳангоми муоинаи ғадуди ширӣ ба мутавози ҷойгир будан, андоза, шакл, мавҷудияти деформатсия, хусусияти балоғати ҷинсӣ, адади ҳомилагӣ, таваллуд, исқот, синамаконӣ, тарашшуҳоти пистон, тарзи ҳайз ва ба  дигар аломатҳо эътибор дода мешавад.

-Роҳи ягонаи аз саратони ғадудҳои ширӣ халос шудан бо роҳи ҷарроҳӣ бурида партофтани сина аст ё усулҳои дигари табобати ин беморӣ низ вуҷуд доранд.

Дар муддати як соли фаъолияти шуъба беш аз 1000 нафар занон ин ҷо бистарӣ гашта, табобат гирифтанд. Аз ин миён танҳо 40% ҷарроҳӣ шуда, дигар беморон бо усулҳои навини тиббӣ табобат карда шуданд.

Ташхиси дуруст нисфи табобат аст мегӯянд…?

Дар ҳақиқат самаранокиии табобат пеш аз ҳама ба дақиқии ташхис вобастагӣ дорад. Барои гузаронидани тамоми намудҳои ташхис мо дастгоҳҳои нави замонавӣ дорем, аз ҷумла ултрасадо, момография, термография, МРТ, рентгенография, имрӯз ҳатто ҳуҷайрашиносӣ ва бофташиносӣ, ки танҳо дар клиникаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гузаронида мешавад, дар шуъбаи мо роҳандозӣ шудааст. Бо дилпурӣ мегӯям, ки агар беморон сари вақт муроҷиат намоянд, бо истифода аз усулҳои муосири тиббӣ мо ба эшон ёрӣ мерасонем, то бар саратон ғолиб оянд.

ар оғози суҳбат қайд кардед, ки имрӯз на танҳо дар кишвари мо, балки дар сатҳи ҷаҳон бемории саратон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шумо ҳамчун табиби саратоншинос сабаби торафт доман паҳн кардани ин бемориро дар чӣ мебинед?

-Сабаби пайдоиш ва торафт вусъат ёфтани саратон дар чист, то ҳол ягон саратоншинос ба ин савол ҷавоби дақиқ наёфтааст. Фақат баъзе омилҳоро метавон ном бурд, ки метавонанд боиси пайдо шудани ҳуҷайраҳои саратонӣ гардад. Аз ҷумла истеъмоли нодурусти ғизо, фарбеҳии аз ҳад зиёд, худмуолиҷакунӣ ва ҳатто асабонияти аз ҳад зиёд касро ба саратон мубтало гардонда метавонад.

-Ҳуҷайраҳои саратонӣ бештар дар кадом узвҳо пайдо мешаванд?

-Ғадудҳои саратонӣ қариб дар тамоми узвҳои бадан пайдо мешавад:  саратони ғадуди ширӣ, саратони гарданаи бачадон,  саратони меъда,  сурхрӯда, пӯст, системаи лимфоидӣ ва хунофар, саратони шуш… Ногуфта намонад, ки байни дигар узвҳои бадани инсон ду узве,  ки эпителияи силиндрӣ доранд, ин бачадон ва ғадуди сина мебошанд, ки ба гармон вобастагӣ доранд. Узвҳое, ки ба гармонҳо вобастагӣ доранд, дар онҳо раванди афзоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ зуд-зуд ба амал меояд ва эҳтимолияти бештари гирифтор гаштан ба бемориҳои саратонро доранд.

-Бемориҳои вирусӣ солҳои охир хеле зиёд шудаанд. Мавҷуд будани ягон намуди вирус дар организми зан саратонро ба вуҷуд оварда метавонад?

-Бале, вируси папиломаи инсон, гепатитҳои В ва С, ҳамчунин норасоии масунияти бадан метавонанд боиси пайдо шудани саратон гарданд.

-Шумо аз оғози суҳбат чанд маротиба гаштаю баргашта таъкид кардед, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намудани маризон  кафолати табобат ёфтан аз саратон аст. Фарз кардем, ки бемор нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир кард ва беморӣ аллакай реша давондааст. Дар марҳилаи 3- 4 саратонро табобат кардан имкон дорад ё давутози бемор дигар фоида надорад?

Баъзе беморон баробари дараҷаи бемориашонро фаҳмидан аз пеши худ хулоса мебароранд, ки дарди ман куҳна шудаасту дигар табобат фоида надорад, аммо ин ақида комилан нодуруст аст. Дараҷаи 3 ва 4-и саратон низ табобат мешавад, агар бемор руҳафтода нашуда, тамоми фармудаҳои табибонро риоя намояд ва табобатро то охир расонад. Беморони марҳилаҳои 3 ва 4-и саратон асосан тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат карда мешаванд. Кимиёдармонӣ решаи бемориро месӯзонад ва баъди гузаштани  муддати муайян бемор худро мисли пештара солиму бардам ҳис мекунад.

Рост аст, ки дар сурати реша давондани саратон бемор аз шаш моҳ то як сол умр мебинанд?

-Аслан, риштаи маргу зиндагии инсон дар дасти худованд аст. Ман  ҳамчун табиб садҳо одамонеро мисол оварда метавонам, ки ба намудҳои шадиди саратон гирифтор буданд, вале бо шарофати кимёдармонию табобати дуруст худованд ба эшон умри дубора бахшид ва то ҳол зиндаву саломат гаштаанд.

Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст мегӯянд. Оё ягон роҳи пешгирӣ кардани саратон вуҷуд дорад?

Тавре ки пештар қайд кардем, сабабҳои асосии пайдоиши саратон ин экологияи бад, истеъмоли ғизои носолим, бебаркаш нӯшидани машруботи спиртӣ, тамоку, фарбеҳшавӣ, бемориҳои вирусӣ аз қабили папиломовирус, намудҳои гуногуни гепатит ва пастшавии масунияти одам (имунитет) мебошад. Барои пешгирии саратон пеш аз ҳама инсон бояд ҳаёти солим ба сар барад. Бонувон бо мақсади худро аз саратони узвҳои занона эмин нигоҳ доштан соле ақаллан як маротиба (хоса баъди 35 солагӣ) бояд аз муоинаи духтури занона-гинеколог ва кабинети патологияи гарданаи бачадон гузаранд.

-Шумо ҳамчун табиб ба занҳое, ки ба саратони ғадудҳои ширӣ ё узвҳои занона гирифторанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

Аксари занҳои тоҷик танҳо баъди ҷорӣ шудани фасод аз пистон ё хуншор шудани синаашон ба духтур муроҷиат мекунанд. Шарму ҳаё албатта хуб аст, вале ”шарм медорам” гуфта, ба дарди ҷонкоҳ тоқат кардану ҳаёти худро зери хатар гузоштан камоли беақлист. Модарону хоҳарони азиз, дар баробари ба чеҳраи худ аҳамият додан ба ҷисматон низ диққат диҳед ва баробари каме тағйирот ҳис кардан ё доначаҳои сахтро дар сина пай бурдан, ҳатман ба табибон муроҷиат намоед. Дарде, ки бо як ё якчанд сӯзандору табобат карданаш имкон дорад, метавонад то ба ҷарроҳӣ ва маҳрум гаштан аз сина кашад, агар бемор дар вақташ муроҷиат накунад. Инро фаромӯш накунед!

                                        Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *