Саратов: Исми панҷумин тоҷики фавтида маълум гашт
Сафорати Тоҷикистон ҳуввияти панҷум қурбонии садамаи вилояти Саратовро мушаххас кард. Ин нафар — Тоҷимуродов Муҳаммадшо Усмонович, санаи таваллудаш 27.01.1989, зодаи ноҳияи Ёвон будааст.
Тоҷимуродов яке панҷ мусофири микроавтобусе буд, ки шоми рӯзи душанбе, 30 октябр дар шоҳроҳи Саратов — Нижний Новгород дар натиҷаи бархӯрд бо мошини «КамАЗ» ҷони худро аз даст дод. Дар ин ҳодиса шаш шаҳрванди дигари Тоҷикистон шадидан маҷрӯҳ шуда ба бемористонҳои вилояти Саратов интиқол ёфтанд. Биноба тафтиши пешакӣ мошини «КамАЗ» пеши роҳи микроавтобусро гирифта ва қоидаи ҳаракатро ҷиддан нақз кардааст.
Нахустин ҷасади қурбонии ин фоҷеа — Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола, ки ронандаи ин микроавтобус буд, қарор аст субҳи 2 ноябр ба Душанбе интиқол ёбад.
Аз рӯи ин ҳодиса мувофиқи моддаи 264-и Кодекси ҷиноии Русия («вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки бо марги беш аз ду нафар анҷомидааст») парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ронандаи мошини борбар таҳти боздошт қарор гирифт. Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 1 ноябр гуфта шуд, ки микроавтобуси навъи Volkswagen Caravelle 11 шаҳрванди Тоҷикистон мебурд. Дар ин садама ронандаи микроавтобус — Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола ҳам ҷон додааст. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи убури марзи Русия ва Қазоқистон ва гирифтани қайди убури марз ба хотири вуруди дубора ба хоки Русия ба самти сарҳад ҳаракат мекарданд.
Исми қурбониҳо ҳодиса чунин аст:
1. Ҷӯраев Суннатулло Маҳмудович -10.06.1996, (зодаи ноҳияи Шаҳритуз);
2. Амонов Шералӣ Маҳмадалиевич — 26.11.1988, (зодаи ноҳияи Ҷайҳун);
3. Хидирзода Шерзоди Ашур — 11.07.1994, (зодаи Панҷакент) ;
4. Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич — 16.12.1988 (зодаи ноҳияи Шаҳринав)
5. Тоҷимуродов Муҳаммадшо Усмонович — 27.01.1989, зодаи ноҳияи Ёвон
Хешовандони қурбониҳову осебдидаҳои садама барои дарёфти ҷузъиёти ҳодиса ба ин телефонҳо муроҷиат карда метавонанд:
дар Тоҷикистон: 44 640 19 51;
дар Маскав: +7926 255 09 27;
дар Саратов +7962 616 30 62
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ