Саразм: Маркази оини митроӣ

Саразми 5500-солаи Панҷакентро метавон маркази оини митроӣ унвон кард.  Бозёфтҳои қадимтарини Саразм гувоҳӣ медаҳанд, ки саразмиён мурдаҳои худро тибқи оини зардуштӣ дафн накардаанд.

Саразмиён баъди кофтани гӯр дар он ҳезум гузошта оташ меафрӯхтаанд ва баъди хомӯш гардидани оташ баъд майитро ба он ҷо мегузоштаанд. Баъди гӯр карда шудан болои гӯр боз як бор оташ меафрӯхтаанд. Ин баёнгари он аст, ки оташ ҳамчун берунронандаи неруҳои бадӣ истифода мешудааст. Археологҳо дар Саразм шаш ибодатхонаи тозардуштиро пайдо кардаанд. Аз инҳо ду ибодатхона қадимтарин буда 5500-5300 сол дорад. Ибодатхонаҳо аз рӯи тарҳи муайян сохта шудаанд, аз тороли калон ва хонаҳои паҳлуӣ иборатанд. Дар байни толорҳо оташгоҳҳо ҳастанд ва онҳо доирашакл сохта шуда, сурати офтобро таҷассум мекунанд. Чуқурии пурхокистири оташгоҳҳо ва девори дар таъсири оташ пухтаи он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он оташро доимо фурӯзон нигоҳ медоштаанд.

Деворҳои яке аз маъбадҳо ранги сурх дорад, ки нишони қурбони чорво ба худои офтоб Меҳр аст. Яке аз маъбадҳо дар шаклҳои мудаввари дохили ҳамдигар иборат аст ва шакли офтобро гирифтааст. Ин биноро Абдуллоҷон Исҳоқӣ «Маъбади офтоб» номида буд.

Тадқиқи антропологии устухонҳои аз гӯрхонаҳои Саразм ёфташуда маълум сохт, ки саразмиён ба нажоди ҳинду аврупоӣ тааллуқ доранд. Яъне, пешгузаштагони мардуми тоҷиканд.

Адаш Истад, нависанда

Дар Саразм бӯстонсароҳо ва кохи ҳокимро низ кашф кардаанд, ки дар онҳо низ ибодатхонаи оташпарастӣ будааст. Бостоншинос Исҳоқӣ гуфта буд, ки бозёфтҳои археологӣ аз мавҷудияти 40 намуди касбу ҳунар гувоҳӣ медиҳанд, ки аз пешрафти тамаддун дар он замонҳо гувоҳӣ медиҳад.

Маданияти Саразм танҳо хоси як мавзеъ нест, масалан аз Дашти Қозӣ гӯрхонаи бостониеро кашф кардаанд, ки мурдаҳоро ба усули тозардуштӣ гӯрондаанд.

Аз Саразм то Панҷакент масофа 15 км ва то шаҳри Самарқанд 45 км аст. Ба ин сабаби наздикияш ба Самарқанд онро яке аз шаҳракҳои ба Самарқанд асосгузошта метавон ҳисобид. Бостоншиносони тоҷикро мебояд, ки дигар ашёҳои аз Саразм пайдогардидаро аз нуқтаи назари тааллуқоти онҳо ба оини Митроӣ биёмӯзанд. Он гоҳ метавон хулоса кард, ки Саразм яке аз марказҳои асосии оини меҳрпарастӣ буд.

Сангнигораҳои замони энеолити саргаҳи Зарафшонро низ аз рӯи пайванди онҳо бо оини меҳрпарастӣ аз нав бояд тадқиқ намуд. Абдурауф Раззоқ навишта буд, ки дар Сои Сабоҳи Масҷоҳ дар байни сангнигораҳо суратиҳои чархи ароба ва одами офтобсар дучор мешаванд.

Чархи ароба яке аз рамзҳои ориёист ва одами офтобсар ҳамон худои офтоб Меҳр (Митро) мебошад.

Агар чунин тарзи тасвири Меҳр ягона мебуд, мегуфтем, ки ин ҷо тасодуфест. Аммо дар сангнигораи аз мавзеи Тамгали пайдогардида, ки ба ҳазораи якуми то мелод тааллуқ дорад, айнан тасвири чунин худои офтобсарро мебинед. Нигаред дар ин бора ба боби тасвирҳои китоби Л.Ремпель «Искусство Среднего Востока». Дар ин китоб сурати як муҷассамаи сангини Митро низ ҳаст, ки ба замони Искандари Мақдунӣ тааллуқ доштагист.

Адаш Истад, нависанда, пажӯҳишгар, ш. Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *