Саразм — ёдгории давраи ориёӣ
Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст.
Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад. Бори аввал аз ин ёдгории нодир қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯралӣ Тайлонов, соли 1976 пас аз 6 соли пайдо кардани табарчаи биринҷӣ, ба бостоншиноси номвар Абдуллоҷон Исҳоқӣ хабар дода буд. Вақте ки соли 1977 дахмаҳои ин шаҳр аввалин маротиба аз тарафи бостоншиносон таҳқиқ карда шуд, ин ҳангомаи ҳақиқӣ, бузургтарин кашфиёти аср дар илми таърих -бостоншиносӣ гардид.
Ин буд, ки барои ба ҷаҳониён нишон додани таърихи куҳани Саразм ва мавқеву мақоми он дар қатори ёдгориҳои қадимаи кишоварзии шарқ, А. Исҳоқӣ ва дигар бостоншиносон дар як қатор ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (1979 ва 1994), Вашингтон (1981 ва 1986), Париж (1985), Ӯзбекистон (1983 ва 1987), Олмон (1992), Эрон (2003), Италия (2007) ва Африқо (2008) маърӯзаҳои илмӣ намудаанд. Инчунин, як қатор монографияҳо ва асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки ба ин маҳалла бахшида шудааст, аз тарафи Исҳоқӣ А.И., Пянкова Л.Т., Эшонқулов У., Раззоқов А.Р., Бобомуллоев С. (аз Тоҷикистон), Безенвал Р., Франкфорт А.П., Лионе А., Казанова М. (аз Фаронса), Ламбрег Карловский ва Колл Ф. (аз ИМА), Массон В., Кошеленко Г.А. (аз Россия) ва дигар олимон бо забонҳои гуногун нашр гардидаанд.
Масалан, дар яке аз анҷуманҳои байналмилалии илмии бостоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса, ки охири моҳи августи соли 1987 дар Самарқанд баргузор гардида буд, олимони тоҷик, аз ҷумла, нахусткашшоф ва таҳқиқгари ҳафриёти бостонии Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ ва бостоншиноси маъруфи Фаронса Роллан Безенвал, ки ҳамон рӯзҳо дар Саразм таҳқиқоти илмӣ мебурд, оид ба бозёфтҳо ва мавқеи Саразм дар тамаддуни ҷаҳонӣ маърӯза карданд. Шавқи бузурги дидор ва ошноӣ аз Саразм иштирокчиёни форум – машҳуртарин донишмандони илми бостоншиносӣ ва ховаршиносии ҷаҳонро фаро гирифт ва мувофиқи нақша онҳо ба ин ҷо оварда шуданд. Манзараи умумии ковишҳои бостоншиносӣ – тарҳи онҳо, услуби меъмории шаҳрсозӣ, бозёфтҳои нодир – сафлоти мунаққаш, маснуоти ороиши занона аз тилло, нуқра, лаъл, фирӯза ва лоҷувард, асбобҳои сершумори косибӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ қалбҳои меҳмононро ба шӯр оварда, сахт мутаассир карда буд, зеро онҳо ин ҷо на аз китобҳову рисолаҳо ва маъхазҳои дигари таърихӣ бо Саразм ошноӣ пайдо мекарданд, балки бо чашмони сар ин ҳамаро дидаву шоҳиди зиндаи кашфиёти бузургтарин дар илми бостоншиносии Осиёи Марказӣ гардиданд.
Баъди 7 сол, аз 31-уми август то 5-уми сентябри соли 1994 бо ташаббуси А. Исҳоқӣ ва дастгирии сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш академик Раҳим Масов дар шаҳри бостонии Панҷакент Конференсияи бостоншиносони Тоҷикстону Фаронса дар мавзӯи «Водии Зарафшон ва мавқеи он дар тамаддуни Шарқи Қадим» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқоти 10-солаи ҳамкории бостоншиносони Тоҷикистону Фаронса бахшида шуда буд. Дар кори конференсия олимони Россияву Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон низ ширкат варзиданд. Дар рӯзҳои кори анҷуман беш аз 20 маърӯзаи илмӣ шунида шуд.
Дар анҷуман олимон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти моддию маънавии сарзамиён, олами набототу ҳайвоноти онвақта, сарватҳои табиии саргаҳи Зарафшон (истифодабарии онҳо ҳанӯз аз ҳамон давраҳо оғоз меёбад), ки фарҳанги кишоварзию чорводории наздиҳавлигӣ, санъати волои меъморӣ, кулолгарию заргарӣ, эътиқоди мазҳабӣ, равобити моддию мадании сарзамиён бо қабилаҳои ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ва мавқеи саразмиён дар пайдоиши ва ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳсрозии қадимаи Шарқ мубодилаи афкор ба миён омад.
Кулли маърӯзачиён якдилона зикр намуданд, ки ҳанӯз 5500 сол муқаддам сокинони саргаҳи Зарафшон дар робита бо марказҳои мадании аҳди қадимаи кишоварзии Шарқ – Эрону Афғонистон, Балуҷистону Ҳиндустон дар самти ҷануб ва қабилаҳои фарҳанги Калтаманор дар соҳилҳои баҳри Арал дар самти шимол робита ва фарҳанги муштарак дошта, аз дастовардҳои моддию маънавии ҳамдигар бархӯрдор буданд. Ва маҳз ҳамин робитаҳо буданд, ки саразмиёни аҳди бостон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, заминаҳои ташакулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиро дар марзи Варорӯд гузоштанд.
Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд менамояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад ва ин муҳтаво дар Конститутсияи ҶТ низ муқаррар шудааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишовразӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихӣ – бостоншиносӣ эълон гардид. Соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пазируфта шуд.
Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро Соли ҷашнгирии 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишони бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ,
президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ