Саразм ёдгории нодир аз нигоҳи олимон
Б. А. Литвинский – узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон:
-Ҳафриёти Саразм бо роҳбарии Абдуллоҷон Исоқов аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Ин ҷо аввалин бор аниқ кардан муяссар гардид, ки гузаштагони қадими тоҷикони маскуни водии Зарафшон камаш панҷ ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин ҳам пештар кишоварз будаанд. Ба ҳамин васила, ба шарофати Саразми Панҷакент, тамоми Тоҷикистон ба ҳайати тамаддуни қадимтарини инсоният ворид мегардад.
Ю. А. Заднепровский- доктори илми таърих аз Санкт-Петербург:
—Мо Саразмро бузургтарин ёдгории қадимаи тоҷикон мешуморем. Он, пеш аз ҳама, бо масоҳати калони худ аз дигар ёдгориҳо фарқ мекунад. Ин як маҷмӯаи пурраи манзилгоҳи кишоварзони қадими замони энеолит ва биринҷии ҳазораи чаҳорум ва сеюми то мелод мебошад. Саразм таърихи бештар аз панҷҳазорсола дорад. Вай манзилгоҳи қадимтарини кишоварзон дар Суғд ва дар тамоми қисмати шимолии он, умуман Осиёи Марказӣ мебошад. Омӯзиши Саразм имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои ташаккули фарҳанги аҷдодони тоҷикон муайян карда шаванд. Ин ёдгорӣ мавҷудияти робитаҳои мадании сокинони водии Зарафшонро бо Туркманистони Ҷанубӣ, инчунин бо кишоварзони қадими Балуҷистон (Покистон) тасдиқ менамояд. Бо ёфт шудани Саразм саҳифаҳои ҳанӯз номаълуми таърихи халқи тоҷик боз гардид.
Пол Бернар – доктори илм, профессор, мудири гурӯҳи бостоншиносии Марказии миллии таҳқиқоти илмии Фаронса:
-Ҳафриёт ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Марказӣ, сокинонаш соҳибони фарҳанги баланд буданд.
Аҳмадалӣ Аскаров – бостоншинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон:
-Саразм ёдгории беназири кишоварзони қадими водии Зарафшон ва бузургтарин кашфиёти аср дар соҳаи бостоншиносии Осиёи Марказӣ мебошад.
Нӯъмон Неъматов – академик, муаррих ва бостоншинос:
-Шаҳраки Саразм бо маҷмӯи бойи меъмориву сохтмон бо иншоотҳои хоҷагиву рӯзгордории чаҳор давраи зистро чун маркази фарҳанги аҳди қадимаи кишоварзии болооби Зарафшон, ки бо фарҳанги Ҷанубу Ғарбии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна алоқамандии зич дорад, муаррифӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ