Сарбозонро кӣ бояд табобат кунад, беморхона ё госпитал?
Бурҳониддин Муслиҳиддинов (журналисти ТВ) , ба воситаи вайбераш ба хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хабар дод, ки айни ҳол дар Беморхонаи сироятӣ, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, бистарӣ мебошад.
Ӯ дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки соати сеи шаби 9 августи соли ҷорӣ ду сарбозро дар ҳуҷраи мо бистарӣ намуданд. Аскаре, ки бо номи Сайриддин аз ноҳияи Ашт аст, то ҳол ягон намояндаашон наомадааст. Бо модараш тариқи телефони ман суҳбат кард, вале модарашро аз бемориаш огаҳ накард, чунки ӯ бемории фишори хун доштааст ва дар шаҳри Душанбе хешу табор надоранд. Мо кам -кам ёрдам мекунем, ки миннат нашунавад…
“Сарбози дуюмиро ҳамон рӯз командираш ба аёдаташ омаду рафт. То имрӯз касе аз намояндагони қӯшунҳо наомадааст. (11.08 соли 2017). Ӯ аз ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе мебошад. Пайвандонаш табобаташро ба уҳда гирифтаанду аз тарафи қисми ҳарбӣ ягон кумак нест. Наход масъулин то ин дараҷа нисбати сарбози хеш бепарво бошанд?”,- гуфт Б.Муслиҳиддинов.
Аз байн чор рӯз гузашт ва соати 20:00 рӯзи 15 август боз як аскари дигарро ба ин беморхона оварда, ҳатто дар ҳуҷра нахобонда, партофта рафтанд. Мо кумак кардем, ба ҳуҷраи хобаш гузарондем. Номи ин сарбоз Наврӯз аст. Намояндагони қисми ҳарбӣ ба беморхона оварда мемонанду дигар аз аҳволашон хабар намегиранд. Мегӯянд, ки бояд ин беморхона сарбозони қисми ҳарбии моро ройгон табобат кунанд. Дирӯз яке аз намояндагони қисми ҳарбӣ гуфт, ки ин беморхона вазифадор аст, аскарҳои моро табобат кунанд. Лекин ман аз як духтур пурсидам, гуфт, ки ин кори мо нест, сарбозҳо бояд дар госпитал табобат карда шаванд.
Бархеи онҳо аз ноҳияҳои дурдастанд. Сарбозони пеш овардашуда саломатиашон хуб шуда, ба по хестанд. Тааҷҷубовар аст, ки чаро аз аҳволи сарбозонашон боре хабар намегиранд?
Шояд баъди навиштани номаи мо масъулини қисми ҳарбии 6593, ки сарбозонашон дар беморхонаи мазкур бистарӣ ҳастанд, ба хулосае омада, нисбати тақдири сарбозони худ бетарафӣ зоҳир намекунанд.
М. Давлат,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ