Сарбозони фирорӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон баргаштанд

Сарбозоне, ки бар асари задухӯрди шадид бо Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) маҷбури фирор ба Тоҷикистон шуда буданд, дубора ба ватани худ баргаштанд.
Ду сарбози афғон, ки аз тири Толибон захмӣ шуда буданд ва дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун бистарӣ шуданд, низ шифо ёфтанд ва ҳамроҳи низомиёни дигар ба Афғонистон баргаштанд.

Рӯзи 21 июн тақрибан соати 19:00 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба Комиссариатм сарҳадии «Шерхон — Бандар» -и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд.
Задухӯрди мусаллаҳона миёни Толибон ва низомиёни афғон то соати 09:00 — и рӯзи 22 июн идома кард, ки дар натиҷа 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд

КДАМ Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳорот дод, ки сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд
Ҳамчунин 23 июн пас аз задухӯрдҳо 53 низомии нерӯҳои марзбонӣ ва ҷангиёни нерӯҳои мардумии Афғонистон аз қисмати Шӯртеппа ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштанд.
Пас аз боздошти низомиёни хориҷӣ, марзбонон тамоми расмиёти заруриро анҷом дода, сокинони Афғонистонро ба ватан баргардонданд.
«Ҳар гуна кӯшиши убури ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян пахш карда мешавад ва нисбати вайронкунандагони сарҳади давлатӣ чораҳои шадидтарин андешида хоҳанд шуд», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *