Саргузашти Амири Дубай (3)
Сарчашмаи муҳаббати ман
Латифа дар забони арабӣ маънои дӯст, меҳрубон ва ғамхорро дорад. Он ҳамчунин баёнгари руҳ ва дили боз аст. Латифа модар, қалб, рӯҳ ва ҳастии ман дар зиндагӣ буд. Ӯ дар ҳақиқат инсони наҷиб, беҳтарин, ғамхор, мехрубон, дилсӯз дар рӯзгорам буд.
Номи пурраи модарам Латифа бинти Ҳамдан ибни Зайд Ал Наҳян ва падараш аз соли 1912 то 1922 ҳокими Абу-Дабӣ буд. Ӯ зиёда аз 40 чароғи хонадони мо буд.
Як сол пас аз издивоҷ бо шайх Рашид, ӯ духтари аввалини худ Марямро ба дунё овард. Пас аз се сол ҳокими ояндаи Дубай Мактум ибн Рашид таваллуд шуд. Таваллуди ӯ оғози ҷашни бузург буд.
Соле чанд баъд писари дуюм дар оилаи мо тавлид шуд, ки номи вайро ба ифтихори бобоям Ҳамдан ибни Зайд Ҳамдан ибни Рашид гузоштанд. Сипас, модарам писари дигар — Марванро ба дунё овард, ки дар синни ҷавонӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт. Модар бо мушкилот ин талафоти бузургро таҳаммул намуд. Ӯ солҳои зиёд ғамгин буд. Рӯзе ӯ хоб мебинад, ки писари дигаре бо номи Муҳаммад ба дунё овардааст.
Падарам аз ин хоб ва тафсири зебои он хурсанд шуд, зеро ин хоб дилу рӯҳи ҳамсари маҳбубашро аз ғаму андӯҳи фарзанди ҷавонмаргаш наҷот медод. Дере нагузашта ин хоб ба воқеият табдил ёфт. Ӯ писареро ба дунё овард, ки номашро Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум гузоштанд.
Ҳар фарзанд метавонад муҳаббатеро, ки дар чеҳраи модараш инъикос ёфтааст, ба ёд орад. Модари ман беназир, ором ва меҳрубон буд.
Модарам ҳамаи фарзандонашро дӯст медошт, аммо ман ҳис мекардам, ки ба дили ӯ наздиктар ҳастам. Ман ҳеҷ гоҳ чунин муҳаббат, чунин дил ва чунин меҳру мулоимат, ки модарам дошт, надидаам. Аввалин солҳои зиндагии худро ман дар оғӯши гарми модарам ва падарам, дар хонадони саршор аз муҳаббат гузаронидам. Вақте ки ду-сесола будам, падарам дар асп маро пешаш мешинонд ва ҳар куҷо, ки мерафт, бо худ мебурд.
Ман ҳамеша дӯст медоштам, ки барвақт бедор шавам. Пеш аз аксарияти аҳли оила бархеста, ҳамеша модарамро медидам, ки барои мо субҳона омода месохт. Ҳарчанд мо барои анҷоми ин кор хизматгор доштем.
Ҳанӯз ҳам бӯйи нони модарам дар димоғам аст ва тамоми суҳбатҳои субҳгоҳиямонро дар ёд дорам. Ба ман суҳбатҳоямон дар бораи рустаниҳои доруворӣ писанд буд, зеро ӯ таҷрибаи хуби табобат бо гиёҳҳоро дошт ва табибӣ мекард. Одамон аз роҳҳои дур барои табобат бо кӯдаконашон, пайвандонашон наздаш меомаданд, аз доруву малҳамҳои гиёҳиаш истифода мебурданд.
Модарам дар камонандозӣ аз бисёр мардон моҳиртар буд. Дар аспу уштурсаворӣ низ ҳамто надошт, гӯё барои зинсаворӣ офарида шуда бошад. Ҳар касе, ки ӯро мешинохт, сидқан дӯст медошт.
Ҳар субҳ модарам барои ман пеш аз рафтан ба мактаб наҳорӣ омода мекард. Дар роҳ ман онро ба ду қисм тақсим мекардам — барои худ ва барои аспам. Ман ҷавон будам ва гумон мекардам, ки нон бо тухм барои аспҳо муфид аст. Модарам мушоҳида кард, ки ман аз мактаб хеле гурусна бармегардам. Ӯ дарёфт, ки ман наҳориро бо аспам тақсим мекунам ва миқдорашро ду баробар зиёд кард. Фикр мекардам, ки ин як амали тасодуфӣ буд. Аммо вақте бузург шудам, фаҳмидам, ки ӯ ҳамаи инро медонист.
Чунин буд модари ман. Ӯ танҳо пас аз он, ки мо хӯрок хӯрда мешудем, сари дастархон менишаст. Танҳо даме истироҳат мекард, ки мо мехобидем ва ҳамеша замоне, ки чеҳраи моро хандон медид, хурсанд мешуд.
Латифа неъмати ҳаёт
Низор Қаббонӣ дар сӯги ҳамсараш Билқис ин сатрҳоро навиштааст:
Билқиси ман буд шаҳдухтари зебо
Дар масири таърихи Бобул,
Билқиси ман буд болотарин нахла
Дар Ироқи афсонапарвар.
Тарзи хиромаш омӯзгори товус буду
Оҳуи ваҳшӣ.
Ин шеър модарам ва ҷавониамро дар хотироти ман зинда месозад. Ёдам меояд, ки модарам миёни галлаи оҳуҳо, ки аз хурдӣ барояшон ғамхорӣ мекард, қадам мезад. Онҳо ӯро ҳар ҷое ки мерафт, ҳамроҳӣ мекарданд. Модарам чунон зебо буд, ки ҳама атрофиёнро мафтун месохт.
Вақте ки тақрибан ҳафтсола будам, бори аввал ба модарам туҳфа додам. Ман бо Хумайд ибни Амҳӣ дар сафар будам, ки маро ҳунари шикор ва малакаҳои зиндагӣ дар биёбон меомӯзонд. Ман оҳубачаеро дидам, ки модараш тарк карда буд. Барои модароҳу оддӣ аст, ки ба хотири дар танҳоӣ таваллуд кардан аз галла канда шавад. Аммо даме мефаҳмад, ки аз гала ақиб мондааст, аз тарс бачаашро мепартояд ва ба галла мепайвандад. Мо бо ҳамсари Хумайд ин манзараро тамошо кардем. Интизор шудем, ки офтоб фурӯ равад, модароҳу бармегардад. Аммо барнагашт.
Ман оҳубачаро ба оғӯш гирифтам. Дар он лаҳза фаҳмидам, ки кӣ метавонад ҷои модарашро гирад. Ман медонистам, ки ин корро танҳо модари ман метавонад анҷом диҳад. Ӯ оҳуҳоро дӯст медошт.
Модарам ба ман ҳаёт дод ва ман мехостам ба ин оҳубача ҳаёт бахшам.
Лабханди ӯ ба ман ҳаёт дод. Лабханди ӯ зеботарин манзарае буд, ки ман дида будам!
Падарам бо гурӯҳи мардон баъдтар омад. Онҳо ҳадяи модарамро ба Хумайд доданд. Ман бо оҳубача бо онҳо пайвастем. Дар роҳ ба онҳо нақл кардам, ки чӣ гуна оҳубачаи модараш партофтаро гирифтам ва мақсади ба модарам ҳадя кардани онро низ баён намудам.
Ман бо оҳубача, ки ҳанӯз ҳам ба ман часпида буд, ба хона расидем ва вақте модарамро дидам, дастҳоямро кушодаму оҳубачаро ба ӯ нишон додам. Чеҳраи ӯ саршори шодӣ буд ва вақте ки шодии ӯро дидам, дилам қариб ки хонаашро тарк мекард. Вақте касеро дӯст медореду барояш туҳфа медиҳед, шодаш мекунед, бовар кунед, шодии шумо аз ӯ зиёдтар хоҳад шуд!
Дар зиндагии ман бо модарам лаҳзаҳои зиёде буданд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ман ҳоло ҳам чӣ гуна рӯи зонуҳояш нишаста, нақлашро дар бораи аввалин сафарам ба Лондон гӯш карданамро ба хотир меорам. Ӯ дар бораи кишвари ғайриоддӣ ва саргузаштҳои зиёде нақл мекард, ки пас аз фуруд омадан аз ҳавопаймои бузурги убуркунандаи уқёнусҳое, ки чандин мил тӯл доштанд, метавонистам дучор шавам. Ҳайрон шудам, вақте шунидам, ки мо дар бинои баландошёнаи мамлакате иқомат хоҳем кард, ки иқлими он аз иқлими Дубай, ҷойе, ки мо дар шабҳои гарми тобистон болои бом мехобидем ва об пошида, худро салқин мекардем, фарқ мекунад.
Мо ҳеҷ гоҳ ҳайрат аз аввалин таҷрибаи омӯзандаи худ, кашфиёти аввал ё майл ба омӯзиши чизи навро фаромӯш намекунем. Ман ҳеҷ гоҳ суханони пуртаъсири модарамро фаромӯш нахоҳам кард.
Ман ҳеҷ гоҳ шаби бехобиро, пас аз он ки модарам дар бораи сафари аввалини пешбинишуда ба Лондон нақл кард, фаромӯш нахоҳам кард.
Соли 1959, як сол пас аз Ҳокими Дубай шудани падарам буд. Модарам барои ман пироҳани зебо ва ду кандураи нав (либоси дарози сафед, либоси миллии мо) харид. Ман аз ин дар курта намеғунҷидам. Ман аз он ки чаҳор кандура доштам, ҳаяҷонзада будам. Ӯ ба ман пешниҳод кард, ки ду кандураи кӯҳнаро ҳагоми сафарҳо бо аспу шутур пӯшам, бинобар ин ӯ онҳоро моҳирона кӯтоҳ кард. Ҳар чӣ маро хушбахт мекард, ӯро хушбахттар месохт.
Оё касе монанди ту буд, модар?
Давом дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ