Сардӣ дар Амрико ва гармӣ дар Тоҷикистон. Ҷаҳонро чӣ интизор аст?
Дар Тоҷикистон баҳор омад, дар кӯчаҳо сияҳгӯш – рамзи баҳорро мефурӯшанд. Дар Амрикову Аврупо бошад, сардии бемисл ҳамаро ба ташвиш овардааст.
Амрико
Сардтарин рӯз дар таърихи мушоҳидаҳои Амрико 16 феврали соли равон будааст, ки дар 21 шаҳри Амрико ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад. Ҳаво дар Линколн ва Гастингс, Небраска хеле сард буд. Симоб дар сутунчаи термометр рӯзи сешанбе дар он ҷо мутаносибан ба минус 35 ва минус 34 дараҷа фаромад. Дар Орлеани Нав хунукӣ то ба минус 38 дараҷа расида, рекордӣ буд. Рекорди пешина дар, Техас шикаст. Дар он ҷо, соли 1895 сардтарин ҳаво ба қайд гирифта шуда буд,ки он ҳамагӣ 32 дараҷа буд. Дар маҷмӯъ, дар 21 шаҳри 11 штат: Небраска, Айова, Канзас, Миссури, Оклахома, Техас, Теннеси, Арканзас, Техас, Миссисипи ва Луизиана ҳарорати пасти рекордӣ сабт карда шуданд.
Русия
Рӯзи сардтарин дар таърихи Маскав минуси 42,2 дараҷа аст, ки он 17 январи соли 1940 аз ҷониби Академияи расадхонаи метеорологии Тимирязев ба қайд гирифта шуда буд. Зимистони солҳои 1978/1979 низ ғайримуқаррарӣ сард буд. Дар арафаи Соли нав, 31 декабри соли 1978, ҳавои сарди Арктика ба маркази қисми аврупоии Русия ворид шуда, дар Москва ҳарорати ҳаво ба минус 38.0 дараҷа паст фаромад. Сардиҳо танҳо то 10 январи соли 1979 хотима ёфтанд. Аммо ҳоло дар Русия боз ҳавои сард ҳукмрон аст ва ҳарорат ба рекорд наздиктар мешавад. Ҳоло дар Маскав сардиҳои 15-20 дараҷагӣ ҳукмронанд.
Шаби 10 феврал дар “пойтахти шимолии Русия”, шаҳри Санкт-Петербург хунуктарин рӯз ба қайд гирифта шуд. Ҳарорат ба минус 21,2 дараҷа паст фаромад. Ҳамин тариқ, рекорди қаблии 19,5 дараҷа, ки 5 феврал сабт шуда буд, шикаст.
Аврупо
Тибқи маълумоти Маркази тадқиқотии уқёнуси Ором ва атмосфераи ИМА, шиддати пасти фаъолнокии офтобӣ (солнечное активность) дар панҷ соли оянда дар Аврупо эҳтимолияти мавҷи шадиди хунукиҳо дар зимистонро афзун мекунад. Ҳадди ақали давраи гардиши 11-солаи офтобӣ бо мавҷҳои сарди зимистон дар Аврупо дар солҳои 2009-2011 алоқаманд буд ва давраи дигари ин сикл дар солҳои 2019-2023 рост меояд. Аммо, бинобар гармшавии глобалӣ, ин зимистони сард, ки ба ҳисоби миёна дар ҳар 10-11 сол такрор мешавад, гармтар шуда истодааст. Давраи ҳозираи 11-солаи шиддати фаъолияти офтоб аз соли 1755, вақте ки доғҳои офтоб ҳисоб карда мешуданд, 24-умин мебошад.
Тоҷикистон
Имсол зимистон дар Тоҷикистон нисбати солҳои пеш сардтар омад. Масалан, 29 январ ҳаво дар қисмати шарқии ВМКБ ҳарорати сардӣ беш аз -53 дараҷа буд. Ҳатто дар Душанбе ҳаво то -16 дараҷа паст шуд, ки ин як навъ рекорд дар чанд соли охир аст. Аммо гуфтаи олимон дар мариди торафт гарм шудани сайёра дуруст аст. Зеро онҳо ҳарорати миёна ҳар сикли 11 — соларо ба ҳисоб мегиранд. Новобаста ба он ки зимистони Тоҷикистон сардтар омад, имрӯзҳо дар кишвар ҳавои гарм ва ҳатто аз меъёри муқаррарӣ гармтар ҳукмрон аст. Масалан, дар Душанбе ҳаво то ба 23 дараҷа гармӣ расид ва дарfхтони барвақтӣ, ба мисли зардолую бодом, аллакай гул карданд. Агар минбаъд боз ҳаво сард шавад, мисли соли гузашта хатари сармо задани онҳоро дорад. Соли 1984-ум 17 феврал дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ ҳаво то 21 дараҷа сард шуда буд.
Таҳияи А.АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ