Сардабири “Шоҳдара”, духтари шоири машҳур Ширин Бунёд мавлуд дорад
Имрӯз сардабири нашрияи ноҳиявии «Шоҳдара» Шарифаи Бунёд, духтари шоири машҳури тоҷик Ширин Бунёд зодрӯз дорад.
Мавсуф пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ давоми шаш сол дар муассисаҳои таълимии гуногуни ноҳия ба шогирдон дарс гуфтааст. Ҳамзамон, бо нашрияҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳамкорӣ кардааст. Соли 2006 сардабири «Шоҳдара», нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа таъин шудаву то ба имрӯз ин вазифаро бо камоли масъулият пеш мебарад.
Чун ӯ фарзанди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд аст, худ дар мусоҳибае қоил шудааст, ки баъзан ба эҷоди шеър ҳам рӯй овардааст: “Устоди нахустини ман дар ҷодаи суханварӣ падар аст. Ӯ хеле зиёд мутолиа мекарду ба қавле «барои офаридани мармари шеър бо тешаи хаёл» бисёр заҳмат ва шабзиндадориҳо мекашид. Аз самараи ин эҷоду заҳмати бепоён ганҷинаи адабии шоир боқӣ монд, ки солҳои сол барои наслҳо хизмат мекунад. Аз хурдӣ аз меҳнат ва шабзиндадориҳои падар дарк мекардем, ки эҷодкорӣ ҳавову ҳавас набуда, шавқу завқ ва заҳмати пайваста мехоҳад. Аз хурдӣ дар пайравии падар шеър менавиштам ва барои падар қироат мекардам. Чанд шеърам дар нашрияҳои маҳаллӣ чоп шудаанд. Вале фарзанди шоир будан маънои онро надорад, ки ӯ ҳам ҳатман бояд шоир бошад. Шоирӣ меросӣ нест, балки истеъдоди фитрӣ ва худододист, ба қавли Лисонулғайб гӯем: «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст». Аз ин рӯ, агарчанде дар пайравии падар бисёр китоб мехондаму шеър менавиштам, шоир нашудам, вале ин кӯшишҳо дар дилам меҳр ба омӯзиши забону адабиёт, шавқу завқ ба китобхонӣ ва эҷодкориро парвариш доданду дар сайқали маҳорати суханварӣ ва интихоби касб ба ман мадад шуданд”.
Шарифаи Бунёд рисолати рӯзноманигорро дар он мебинад, ки ӯ бояд ҳақиқатнигор бошаду ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи ҷамъиятӣ рӯйдодҳои муҳимро бо забони содда, фаҳмо ва бурро ба мардум расонад.
Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ҳамкасби худро ба муносибати зодрӯзи фархунда муборакбод гуфта, барояш тани сиҳат ва барори эҷодӣ таманно доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ