Сардии 20 дараҷаӣ ва барфи калон пас аз танаффус

Дар Душанбе шабона то 5 дараҷа хунукӣ ва рӯзона то 10-12 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нимаи дуюми ҳафтаи равон дар саросари кишвар борон ва барф сар мешавад, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то -20 дараҷа сард мешавад

Дар Тоҷикистон, рӯзҳои наздик, ҳарорати шабона зери сифр ва аз нимаи дуюми ҳафта боришоти барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ҳамин тавр, дар Душанбе шабона то 5 дараҷа сардӣ ва рӯзона то 10-12 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Боришот дар пойтахт давоми ду рӯзи оянда дар назар нест.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ чунин буда, танҳо дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд.

Дар кӯҳҳо шабона то -10 дарафа хунукӣ ва рӯзона то + 6 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Аммо рӯзи чоршанбеи 18 ноябр аз нимаи дуюми рӯз дар минтақаҳои марказии кишвар, Суғд, ВМКБ ва Хатлон ҳаво абрӣ шуда, боришоти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорат шабона то ду дараҷа сард ва рӯзона 9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Помир рӯзи сешанбе сардӣ то -20  дараҷа мерасад.

Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд ва шамол то 9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то -3 + 2 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ВМКБ ҳаво абрноки тағйирёбанда буда, шабона то -10 дараҷа сард, рӯзона аз 0 то + 2 дараҷа аст. Дар Мурғоб ҳарорати шабона ба 17 дараҷа сард ва рӯзона аз -4 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон бошад. имрӯз ҳаво бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, шабона -2 + 3 дараҷа ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *