Сардии ҳаво ҷони 12 нафарро рабуд

Сокинони Аврупо ва Амрико сардии ғайримуқаррариро шоҳид мешаванд. Дар Лаҳистон (Полша) ба далели ба таври «рекордӣ» поин рафтани ҳарорати ҳаво 12 нафар ҷон додаанд. Дар Италия 7 нафар қурбони сардиҳо шудаанд, ки аксари онҳо бехона буданд. Дар Булғористон низ ҳангоми убури марз се муҳоҷир бар асари сардӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар Маскав дар шаби 7 ба 8 январ ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷаи зери сифр баробар буд. Дар соҳилҳои шарқии Амрико ба далели бориши барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳо маҳдуд шуда, даҳҳо мошин дармондаанд. Барфи зиёд ва сардиҳо, инчунин, дар Туркия ва кишварҳои Балкан мушоҳида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *