Сардии ҳаво то 0 дараҷа мерасад
29-30 сентябр аз сабаби вазиши боди сард аз минтақаи шимоли кишвар дар ҷумҳурӣ тағйирёбии боду ҳаво ва пастшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои абрию боронӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳию баландкӯҳҳо раъду барқ ва боридани барф дар назар аст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.
Ба иттилои Агентӣ, дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 10-15 дараҷа расида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кишвар имкони сардшавии бармаҳали то 0 дараҷа пешбинӣ мешавад. Дар ҷануби кишвар, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон вазиши боди сахт пешгӯӣ карда мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар қисмати ҷануб ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ бо назардошти вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал меояд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрноки боронӣ ва раъду барқ дар назар аст. Дар пойтахт ҳарорати ҳаво паст шуда, ба 25 дараҷа мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ