Сардори фурӯдгоҳро  шамоли чархбол ҳалок кард

Дилдор Мақсудшоев –сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон –дирӯз  ҳангоми болошудани чархбол аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши  бод ба санге бархӯрда, сахт маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод. 

Як манбаъ дар раёсати корҳои дохилии  вилояти Бадахшон ҳалокати Мақсудшоевротасдиқ кард ва гуфт, «ин як тасодуф буд”. Ҳодиса зуҳри чаҳоршанбе рух дод ва ҳоло ҷасади Дилдор Мақсудшоев ба Хоруғ интиқол ёфтааст. Интизор меравад, ки имрӯз маросими дафни ин мард баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *