Сардори геологҳо ва се сафир аз вазифа озод карда шуданд

Бо фармонҳои Президент  Эмомалӣ Раҳмон сафирони Тоҷикистон дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз карда шуданд. Ҳамчунин бо қарори ҳукумат аз 7 август раиси саридораи Геологияи Тоҷик низ барканор карда шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 август бо фармонҳои худ се сафири Тоҷикистонро аз мақом барканор ва ба ҷои онҳо нафарони навро таъйин кард.

Аз ҷумла бо фармони президент Исматулло Насриддинов, писари раҳбари собиқи котиботи президент Ҳикматулло Насриддинов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Австрия, Италия, Словакия ва Маҷористон ва ҳамзамон аз мақоми Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА «бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” озод карда шудааст. Ҳамзамон бо як фармони дигар Идибек Қаландарзода сафири Тоҷикистон дар Австрия таъйин шудааст.

Ҳамин тавр, Ардашер Қодирӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қатар «ба сабаби ба кор дигар гузаштанаш” озод карда шуда, ба ин мақом Хисрав Соҳиб Соҳибзода таъйин шудааст.

Ҳамчунин Зоҳир Озодович Саидов низ «бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Гурҷистон озод карда шуда, Рустам Солӣ – собиқ сафири Тоҷикистон дар Брюссел сафир дар Озарбойҷон таъйин шудааст.

Рӯзи 7 август бо қарорҳои ҳукумат ҳамчунин Мурод Хол Ҷумъазода аз мақоми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои вай Заробиддин Қудрат Файзуллозодаро ба ин мақом таъйин кардаанд. Сабаби барканории Ҷумъазода низ «ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *