Тоҳир Каримзода бо Муриват Маликшоев мулоқот дошт.

Сардори  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо раиси ҷамъияти миллӣ — фарҳангии тоҷикон бо номи «Ҳамватан»— и вилояти Иркутск Муриват Маликшоев  мулоқот дошт.

Ҷонибҳои масъалаҳои сафари ҳамватонон  ба Русия,  пурзӯр  намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, огоҳии шаҳрвандон оид ба қонунгузориҳои нави Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатиро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Тоҳир Каримзода доир ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи урфу одат, расму ойин, анъана ва суннатҳо, донистани қонуну қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, ба вижа вилояти Иркутск таъкид намуд.
Зикр  шуд, ки баъд аз баргузории  мулоқотҳо бо ахолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо сатҳи огоҳии шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боло рафта, мақомоти дахлдори Федератсияи Русия низ ин матлабро борҳо иброз доштаанд.
Инчунин ҷонибҳо ба масъалаи  дурнамои ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *