Сардори милиса аз Кӯлоб бо ришва ба даст афтод

Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлобро дар ҳуҷраи кориаш вақти гирифтани пора дастгир кардаанд.

Ба ин афсари милиса акнун барои 4 000 сомонӣ пора то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 июл аз боздошти Бахтиёр Искандарович Қаландаров, сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб хабар дод. Бино ба ин манбаъ, Бахтиёр Қаландаров аз шаҳрванд «А” барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 4000 сомонӣ пора талаб кардааст.

Афсари милиса дар навбати аввал аз «А” 600 сомонӣ гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро талаб кардааст. Вале, мегӯяд маркази матбуоти Агентӣ, «дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Қаландаров Бахтиёр ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3400 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи мазкур ҳамчун далели шаъӣ ёфта, гирифта шуд. »

Ҳоло ба зидди Бахтиёр Қаландаров бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад. Ин банди қонун барои гирифтани пора ҳамчун муҷозот то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *