Сардори милитсия, прокурор ва сардори БДА-и Раштро аз кор гирифтанд?

Як блогнавис за ин минтақа навиштаааст, ки бо супориши Президент рӯзи 28 август сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ минтақа ва н-Рашт генерал-майори милитсия Азизуллоҳзода Сафиаллоҳ, сарпрокурори ноҳияи Рашт Талбакзода Шоҳин ва сардори БДА-и ноҳияи Рашт Салимов Бегиҷон аз мақом барканор карда шудаанд.

Ин хабар аз ҷониби мақомот расман то ҳол эълон нашудааст, вале Худоёров навиштааст, ки ин се мақоми баландпояро бо амри президент ва «барои амалҳои ғайриқонунӣ” аз вазифа барканор кардаанд. Генерал Сафиаллоҳ Азизуллоҳзода (Девонаев) аз хонаводаи пурнуфузи Девонаевҳост, ки раҳбари ин хонавода генерал Шералӣ Хайруллозода солҳои тӯлонӣ вазири мудофиа буда, чанд соли охир мушовири президент дар масоили амният ва дифоъ мебошад. Як намояндаи дигари ин хонавода Шарбатулло Азизулло қаблан раиси ноҳияи Вахш буд ва ҳоло раиси ноҳияи Восеъ аст. Сафиаллоҳ Азизуллозода аз 12 декабри соли 2017 роҳбарии раёсати минтақавии ВКД дар водии Раштро ба дӯш дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *