Сардори пулис ду пиёдагардро пахш карда кушт
Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон таҳқиқи парвандаи сардори пулиси маҳаллӣ Расулҷон Юлдошев оғоз гардид, ки дар марги ду пиёдагард гумонбар дониста мешавад.
Шаби 9 май сардори пулис дар ҳолати сархушӣ пушти фармони мошин нишаста, дар маркази шаҳри Фарғона ду пиёдагардро пахш кард. Яке аз пиёдагардон дар ҷои ҳодиса ва дувумӣ дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар ҳоли ҳозир Расулҷон Юлдошев аз мақом барканор шудааст.
Ин парвандаро додситонии шаҳри Фарғона таҳқиқ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ