Хатлон: Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират аз вазифа барканор шуд

Саидзода Самад, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон имрӯз аз вазифааш озод карда шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ҳамагӣ дар ин мақом каму беш се моҳ фаъолият карду халос.

Саидзода Самад пеш аз роҳбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират таъин шуданаш ёрдамчии раиси вилояти Хатлон буд.

Азиззода Баҳодур, собиқ муовини сардори  Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар вилояти Хатлон таъин шудааст.

Дар бораи ба кадом вазифа таъин шудани Саидзода Самад то ҳол маълумоти аниқ дастрас нест.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *