Сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд
Шайдулло Шарифов, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Иброҳим Мусоев, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон таъин гардидааст.
Ҳоло Шайдулло Шарифов ба ягон вазифаи дигар таъин нашудааст. Ӯ аз феврали соли 2022 то имрӯз сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон буд.
Иброҳим Мусоев сардори навтаъини Раёсати тандурустӣ, дар гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 2010 то соли 2020 сардухтури Маркази бемориҳои қалб дар вилояти Хатлон буд. Аз соли 2020 то моҳи июли соли равон, директори Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар” буд.
Иброҳим Мусоевро табиби соҳибтаҷриба ва роҳбари масъулиятшинос мегӯянд. Маҳз замони роҳбарии ӯ дар Колеҷи мавриди назар сохтмони бинои панҷошёна шуруъ шуд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бино дар оянда ҳамчун беморхона ва бинои таълимӣ истифода мешавад, ки баъди ифтитоҳи он шароит барои донишомӯзон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ