Сардори Саридораи бойгонӣ, иваз шуд
Лангарӣ Ҷамила Салмон, ки то ин замон дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе кор мекард, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Бар асоси қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон аз 11 январ, Дилором Мирсаидова, ки то ин замон дар мақоми сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард, ба сабаби ба кори дигар гузаштан, аз ин симат озод карда шудааст. Вале гуфта нашудааст, ки Дилором Мирсаидова дар кадом вазифа ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.
Сардори нави Саридораи бойгонӣ Лангарӣ Ҷамила Салмон дар моҳи апрели соли 2015 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Вай то он вақт муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва пеш аз он ноиби раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба тарбия ва фарҳанг буд. Ӯ намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ