Сардори зиндони Хуҷанд ба ҳабс гирифта шуд

Файзуллоҷон Сафаров, сардори маҳбаси рақами 3/3-и низомаш сахти шаҳри Хуҷанд ба ҳабс гирифта шудааст. Сафаров ба хунукназарӣ ба иҷрои масъулиятҳои хидматӣ, шиканҷаи маҳбусон, ки боиси ошӯб шуд ва пинҳон доштани хабари ин ошӯб айбдор мешавад.

Шоми 7 ноябр кормандони маҳбас як маҳбусро, ки хостааст аз ҳисоби пули худаш пули Интернети ӯро бисупоранд, маҷбур мекунанд, ки либосашро кашида, луб-луч дар рӯи ҳавлии зиндон зери борон чанд соат биистад. Ин як гуруҳи дигари маҳбусонро ба шӯр овардааст ва онҳо бо сангу хишт, чӯбу оҳан ва ҳатто қошуқҳои нӯгашон тезкардаи ошхона мусаллаҳ шуда, ба зиндонбонҳо ҳамла мекунанд.

Ин кор соати 17 оғоз ёфтааст, вале мудири маҳбаси рақами се Файзулло Сафаров, ки баъди ду ҳодисаи фирори маҳбусон дар соли 2016 метарсид, ки ин дафъа барои ошӯб ӯро аз мақом мегиранд, ҳодисаро 5 соат пинҳон нигоҳ медорад. Танҳо соати 22 маъмурияти маҳбас бонги изтироб мезанад ва соати 22:30 нирӯҳои вижа бо силоҳу сагҳо вориди зиндон шуда, ошӯбро шадидона саркӯб карданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар, аксар маҳбусон кушта ё захмӣ шуданд.

Шояд  чанд корманди дигари маҳбаси Хуҷанд низ бо иттиҳоми гирифтани пора ва пинҳон кардани ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Ҳамчунин манобеи наздик ба тафтишот мегӯянд, ки маълум шудааст, ки саркардагони шӯриш рабте ба созмони террористии ДОИШ надоранд.

Хӯҷаев Субҳиддинхӯҷа соли 2017 аз сӯи додгоҳи Исфара бо ҷурми авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва азбаски доғи судӣ дошт, ӯро барои адои ҳукми навбатиаш ба маҳбаси низомаш сахт фиристоданд. Умар аз Норак барои куштор ба 21 соли зиндон маҳкум шуда, ҳанӯз соли 2013 ҳамчун маҳбуси душвортарбия аз маҳбаси Ваҳдат ба Хуҷанд фиристода шудааст.

Бино ба ин иттилои дарёфтӣ, саркардагони ошӯб асосан 2 маҳбус — Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев аз Исфара ва Умар аз шаҳри Норак – будаанд. Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев ба 5 соли зиндон ва Умар ба беш аз 20 сол маҳкум шуда будаанд. Умар, тавре аз маводи парванда бармеояд, дар ҷараёни амалиёти саркӯби ошӯби шаби 7 ноябр кушта шудааст, вале Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаевро зинда дастгир кардаанд. Як фарзияи асосии тафтишот, бино ба иттилои дарёфтӣ, кӯшиши фирори гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ будааст. Гуфта мешавад, беш аз 40 маҳкумшуда шаби 7 ноябр бо маслиҳати пешакӣ бо олоти халандаю бурранда мусаллаҳ шуда, ба зиндонбонҳо, ки дар он соат дар бинои хобгоҳи маҳкумшудагон машғули адои вазифаи хидматӣ будаанд, ҳамла овардаанд.

Ду корманди маҳбас – майор Мирсаид Сатторов ва прапоршик Эҳсонхоҷа Мухторзодаро, бино ба ин иттилои дарёфтӣ, маҳз Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев куштааст. 6 корманди дигари зиндон дар ҷараёни задухӯрд бо маҳбусон ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо дар парванда шумори кушташудагон дар ҷараёни ошӯби шаби 7 ноябр ва амалиёти саркӯби он 23 нафар гуфта мешавад, ки дуи онҳо кормандони маҳбас ва 21 нафари боқимонда зиндониён мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *